Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

“-Рост гуфтӣ, ҷӯра, “ҳар кӣ надид, ҷои худ оқибат шиканад пойи худ,” - гуфт исёнгари якум.
Мегӯянд деворро об вайрон мекунаду одамро гап. Баъди муҳокимаронии исёнгарон Абдумаҷидов аз тарси он ки мабодо симои ҷарроҳро аз дасти онҳо гирифта натавонад, аз ҷой бархест ва он симоро аз халтаи дар пушти дар буда гирифта, ба ҷайб гузошта, чароғро хомӯш карда, берун баромад. Исёнгарон баробари куштани чароғ эътироз карданд, вале ӯ дигар ба тарафашон нимнигоҳе накарда, дарро маҳкам кард. “Агар Худо омади корро диҳад, ҳамаатон ба гӯшаи фаромушӣ меравед, то дигар ба касе зиён наоред,” - гуфт ӯ ва аз зинаҳо ба поён ҳаракат кард.
Дар берун ситораҳо дар осмон чашмак мезаданд ва ӯ дар ин шаби баҳорӣ байни андешаҳои хеш ба тарафи истгоҳ қадам зад...
...31...
-Оча, чӣ ҷой ташвиш, охир ман гуноҳе надорам.
-Рост мегӯӣ, бачам?
-Рост.
-О дар қишлоқ ҳамин хел овозаҳо.
-Донистан мехоҳам, ки ин овозаҳо чӣ хел ба деҳа расиданд?
-Намедонам, вале амаки Қосимат худаш аз забони мардум шунидааст, ки гӯё туро бо ҷурми дуздии кадом як мағозае ба милиса бурданд. Чун ин гапро аз забони падарат шунидам, хеста омадем, хайрият ки ҳамааш дурӯғ будааст. Илоҳо забони дуруғгӯйро занбӯр газад!
-Ҳоло дадом дар куҷо?
-Дадот ба назди кадом як шиносаш рафт, то дар бораи худат маслиҳат кунад. Рост, ки ту, ҷони ширини очаш, гуноҳ надорӣ?
-Рост, оча.
-Туро ба милиса набурданд, ҳамин хел?
-Ба милиса манро дар ҳақиқат бурданд ва пас ҷавоб доданд.
-Барои кадом гуноҳат туро бурданд.
-Ба ҷурми дуздӣ, оча ва ҳатто далелҳои шайъиро ҳам аз хона ёфтанд.
-Чӣ хел дуздӣ, ту чиҳо гуфта истодаӣ, ҷони ширини очаш?
-Он чи ки шунидӣ, оча вале бовар кунед, ки ман гуноҳе надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор