Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Болои кӯлвор “акси” ҷарроҳ меистод, ки аз пушт рассом онро ба қалам дода. Аслан дигар ҳама он чи ки дар кӯлвор буд, қимати он расми ноаёнро надошт. Симои ҷарроҳро чун рассоми бузурги дунё Леонардо де Винчи мебоист боэҳтиёт кашидан, то аз ботини ноаён зоҳираш ҳувайдо гардад...
Ӯ лаҳзае аксро ба даст гирифт. Акси ҷарроҳ дар даст мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифту пашшаҳои шилқин рӯйи он нишастанд, мисли оне ки магасҳо болои ахлоттӯдаҳо менишинанд. Дастонаш ларзиданд ва аксро болои миз гузошт, вале он мӯру магас ба рӯяш по монданд...
Лаҳзае ҳам бошад, дилаш ба ҳоли ҷарроҳ сӯхт ва хост ба ҳимояи симои дар зери пои мӯру малах будааш бархезад, вале натавонист, чунки хайр ҳам бар ҳимояаш нахест. Баръакс гуфт, ки ҳар кӣ киштаи хеш медаравад ва мукофоти амали ҷарроҳ ҳамин аст. Ба ҳар ҳол бо азобе расмро аз зери пои мӯру магас бардошт, ки он симои ноаёни дар зери чангу ғубор монда буд...
Абдумаҷидов акнун худ рассомеро мемонд, ки ҳангоми тоза кардани болои акс ба беэҳтиётӣ роҳ надиҳад, чунки хатое метавонист ба тақдири соҳиби симо хатти батлон кашад.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ суханони рассоми оламшумул Леонардо де Винчиро ба ёд овард, ки гуфта буд: “Ман расмро аз кашидани устухон ва мушакҳо оғоз мекунам ва пасон ба ӯ гӯшту пӯстро илова мекунам, то бинанда ӯро зинда гумон кунад”. Маҳз ҳамин санъати бузурги рассом буд, ки “Мона Лиза” дар осорхонаи Лувраи Пориж чун хонуми зинда ба тарафи тамошобинон назар мекунад...
Аслан ӯро лозим ҳам набуд, ки ба он акс чизе илова намояд ва ӯ аллакай он аксро дар даст дошт, ки рӯи хеш ба дигар тараф гардонида. Шояд ӯ аз одамон шарм карда, акси хешро дар чунин шакл ба риштаи тасвир дода, мисли ҳамон табибе ки аз паҳлуи қабристон гузашта, ба самти муқобил нигоҳ мекардааст.
Кӯлвор ҳамоно паҳлуи ӯ, вале Абдумаҷидов онро бардошта, ба кунҷаке монд. Ҳамаи назарияҳои то ин лаҳза дар дохили он буда лаҳзае ба гӯшаи фаромушӣ рафтанд. Онҳо доду фиғон кардан хостанд, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ даҳони кӯлворро аз қаҳр баст, то нолаву фиғони “исёнгарон”-ро нашунавад ва худ болои миз сари андеша рафт.

пешина
аз 429
навбатӣ