Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умуман, кал додари кӯр буд... Вале ҳар чӣ ҳам буд ё набуд, косаи давр ба тарафаш тоб хӯрда буд...
Дилро ба дил роҳест ва ин суханро танҳо ба муҳаббати ду ҷинс ташбеҳ додан хаттост ва дар кору зиндагӣ, агар ҳамдигарфаҳмии дутарафа ба амал ояд, ин баробари он аст, ки қарсак аз ду даст садо медиҳад. Муддати чандест, ки Наврӯз Умар дар кор нест ва Абдумаҷидов ҷои ӯро, ки чун ваакум холӣ буд, ҳамеша эҳсос мекард. Маҳз агар Наврӯз Умар мешуд, шояд корҳои ҷустуҷӯӣ боз хеле пеш мерафтанд. Ҳарчанд рӯз бегоҳ шуда буд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ имконияти пурраи ба хона рафтан дошт, вале ба умеди шунидани хабаре аз бозгашти Наврӯз Умар ба милиса омад. Чун аз сардори бахш Наврӯз Умар пурсон шуд, ёрдамчии навбатдор Раҳимов хабар дод, ки Наврӯз Умар худаш занг зада гуфтааст, ки муҳлати таҳсил ба муддати боз ду ҳафта дароз карда шудааст.
Мегӯянд, ки фанд ҳам хӯрдӣ дам назан, қанд ҳам хӯрдӣ дам назан ва аз суханони ёрдамчии навбатдор таъби Абдумаҷидов хира шуда бошад ҳам, дигар каломе ба забон наоварда, ба дафтари кориаш баромада, ба прокуратура занг зад, бехабар аз он, ки дар фарорасии шом ба ғайр аз милиса ва беморхона дигар дар ягон ташкилоту муассиса касе дар кор нест, ҳатто баъзан навбатдори прокуратураро дар мавридҳои зарурӣ рафта аз хонааш мегирифтанд.
Гуд-гуди телефон муддате ба гӯшаш садо дод ва фаҳмид, ки дар ин шом аз қиёмат садо меояду аз прокуратура не, ва гӯшакро ба ҷояш монд.
Дигар вақт интизор намешуд ва ба умеди Наврӯз Умар шудан ин на танҳо беақлӣ, балки беақлии маҳз буд. Аз чӣ бошад, ки мӯйсафедони деҳаашон баъзан мегуфтанд “ба умеди чоруқи анбунӣ, пота дар хор намонӣ”. Ҳарчанд Наврӯз Умар марди оқилу фозил ва мутахассиси кори хеш буд, вале Абдумаҷидов бояд кӯлвори хешро танҳо мекашид.
Ҳар кӣ кӯлвор ба душ мегирад, бояд бидонад, ки дохили он чист ва Абдумаҷидов низ сари мизи корӣ лаҳзае ба анҷоми дохили кӯлвор назар кард.

пешина
аз 429
навбатӣ