Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мавлуда аслан зодаи водӣ буд, вале тақдир ӯро ба Чорбоғ овард ва бо ҳама неку бадаш нигоҳ накарда, ӯ Чорбоғро дӯст дошт.
Дар ҳамин ҷо фарзанди яккаву ягонааш Давлат ба дунё омад ва дунёи кӯдакии фарзанд баҳри ӯ як ҷаҳони бузурге буд. Ҳарчанд Давлат фарзанди ягонаи хонадон буд, вале ӯ эркатулфор нашуд.
Умуман, дар тарбияи фарзанди онҳо саҳми бобояш Баҳром ва бибаш Зуҳро назаррас буд ва маҳз ҳамин тарбияи дуруст буд, ки ҳама ҳаваси рафтори бачаи Холи Баҳромро мехӯрданд.
Мавлуда вориди мошин гардида, дар кунҷаке ҷо гирифт.
Дигар мусофирони ба шаҳр мерафтагӣ то ҳол дар берун дар гирди мошин давр мезаданд ва боз омадани нафареро интизор буданд.
Маҳз ҳамин оромӣ ба ӯ имконият дод, ки лаҳзае ба гузаштаи хеш назар афканад.
...Баъди ду моҳи тӯйи арӯсӣ, вақте ки шавҳараш ба мусобиқаи умумиитифоқӣ оид ба гӯштини самбо ба шаҳри Киев рафт, арӯси нав худро ланҷ ҳис кард... Аслан ҳамон вақт ҳам моҳи апрел буд, вале аз барф дар гирду атроф нишон намонда. Хоболуд шуда буд Мавлуда ва ҳамаи инро ба баҳор нисбат медод. Хушдоманаш авзои беҷои келинро дида фаҳмид, ки дар вуҷуди келин туғён ба вуҷуд омада ва бо ҳар баҳона ӯро маҷбур мекард, ки каме ҳам бошад, рӯзона истироҳат намояд. “Бачам ҳавои ин ҷо баланд ва боз ин бӯйи баҳор одамро маст мекунад.” Мавлуда то қиёмат аз хушдоман розист.
Расо баъди як моҳ Хол ёди ёру диёр намуда, ба Чорбоғ омад.
Мавлуда ӯро аз дур дида, аз шарм ба хона гурехт. Не, он вақт зиндагӣ тамоман дигар буд, шарму ҳаё буд...
Хол дар пеши дарвоза бо падару модараш, ки овозаи омаданашро шунида ба берун баромада буданд, вохӯрд ва сипас ба хонаи калон, ки пиру кампир зиндагӣ доштанд, даромад. Ҳарчанд модар аз дуҷон будани келин хабар дошт, лаб накушод, шояд инро аз таҷрибаи зиндагии хеш омухта буд, ки рисолати мазкурро ба зиммаи келин гузошт...
Баъди ду соати дар хона будани Хол кампири Зуҳро Мавлударо бо азобе ба хона даровард. Дар ҳузури хусуру хушдоман арӯс худро ноҳинҷор ҳис карда берун баромад...
Хол баъди як шабонарӯзи ба хона омаданаш аз хабари хуш огоҳ гашт... Тифлро ба хотири он Давлат ном гузоштанд, ки модараш қариб ҳангоми таваллуд дунёи фониро тарк карда буд ва нахустписарро бо роҳи ҷарроҳӣ гирифтанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор