Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мошин роҳҳои камбару пурпечутоби кӯҳиро паси сар карда, ба поён ба самти шаҳр ҳаракат дошт. Баъди ним соати ҳаракати мошин фасли сол дар пеши назари мусофирони Чорбоғи тағйир ёфт, яъне чорбоғиён дар ним соат аз зимистон ба баҳор қадам заданд.
Ҳамагӣ дар масофаи понздаҳ-бист километр фасли баҳор бо тамоми ҳастиаш ҳукмронӣ дошт. Мардум дар кӯҳу ёнаҳо ба шудгор машғул буданд. Рамаи бузу гӯсфандон дар соҳили рости дарёчае, ки аз Чорбоғ ҷараён мегирифт, чаро доштанд, баррачаҳои ширмаст болои майсаи навруста ҷастухез доштанд. Чанд писарбачае дар камари кӯҳ чукрӣ мечиданд. Дар пеши мактаби ҳамагонии деҳаи Инкӯҳ мактаббачагон ба танафус баромада буданд...Ҳар қадар мошин ба поён, ба тарафи шаҳр, ба рафти ҷараёни дарёчаи аз Чорбоғ ҷараён гирифта ҳаракат мекард, ба машом бӯи хуши сабзаю себарга, бӯи хуши баҳор мезад, вале Хол Баҳрому ҳамсараш Мавлуда ин дафъа зебоии табиатро эҳсос накарданд. Ҳар кадоми онҳо ҳушу ёдашон ба фарзанди ягона, ки баҳори умрашон буд, банд буд ва аз даргоҳи Оллоҳ таъоло таманнои онро доштанд, ки баҳори умрашон хазон нашавад...
...28...
Хубон ба ду гӯши хеш бовар накард.
-Шояд ин ҷо хатое рафта бошад? - пурсид ӯ.
-Хатое нест, хоҳар. Он чӣ ки мӯйсафедро нафси бадаш бо марг рӯ ба рӯ кардааст, бо далелҳо исбот шудагӣ.
-Фаттоҳ ҳам дар ин бора ягон чиз медонад?
-Не.
-Пас чаро ба назди ӯ нею ба назди ман омадед?
-Марги худораҳмати тасодуфӣ нест ва аз ҳамин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷинояткорон ба амалиёти дуздии мағозаи ҷавоҳирот нағз тайёрӣ дидаанд. Дар амалиёти мазкур худораҳматӣ нақши асосиро бозидааст.
-Не, не, бовар намекунам, наход мӯйсафеди шастуҳафтсола даст ба ҷиноят занад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор