Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Майлаш рафта кор баред, вале фаромуш накунед, ки вақт интизор намешавад.
Зарифов, ки дар ин баҳс қариб иштирок накард, аз қафои Абдумаҷидов аз дафтари кории Оташак баромад...
...27...
Хабари нохуш дар ҳама ҳолат чун тири аз камон ҷаста тезтар ба нишон мерасад. Ҳарчанд Давлат Баҳром ҳамагӣ як шабонарӯз дар милиса монд, вале овозаи ба ҷиноят даст доштанаш то ба деҳ расид.
Аслан паҳнкунандаи ин хабар кӣ буд, касе намедонист, вале барои инкор кардани он падару модар кӯшише ба харҷ надода, субҳи рӯзи ҷумъа ба роҳ баромаданд. Хабари ба ҳабс гирифтани Давлатро амакаш Қосим дар пеши мағозаи деҳашон Чорбоғ шунида, ба хона шитофт ва аз дидаву шунидааш ба бародараш Хол дар танҳоӣ рози дил кард. Хол Баҳромовро шояд рафтори писар дар шигифт овард, ки ӯ гапро нарезондаю начаконда, ба гӯши ҳамсараш Мавлуда расонид ва афсӯс бар он хурд, ки Давлат на танҳо шаъни хеш, балки шаъни донишгоҳ ва тамоми авлодашро бо чунин кирдор паст кард.
-Рафту ҳамааш дурӯғ бошад? -эътироз кард модари Давлат.
-Кошки дурӯғ бошад, занак, вале то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад,-гуфт падар.
Чорбоғ дар оғӯши барф буд. Маҳз ҳамин ҳолат буд, ки Холи Баҳрому ҳамсараш то пеши идораи совхоз, ки ҳоло ба кооперативӣ истеҳсоли зотпарварӣ табдил дода шуда буд, пиёда омаданд. Ба гусели онҳо писари калонии Қосим Ҳошим, ки тирамоҳи соли гузашта аз сафи армия баргашта буд, баромад. Ҳошим аслан ҳамсоли Давлат буд ва ғами ӯ низ дар ин субҳи босафои моҳи апрел аз ғами амаку янгааш кам набуд.
Мавлуда пеш аз ба мошин нишастан бори дигар ба тарафи хонааш, ки дар масофаи чорсад-панҷсад метр аз ҷои исти мошин воқеъ гардида буд, нигариста, бо нӯги остинаш қатраҳои ашки дар бари рухсораш ҷаршударо ноаён аз дигарон пок кард...
Чорбоғ аслан дар оғӯши барф буд. Танҳо қисми поёни деҳ ҷо ҷо зоғнишин шуда. Умуман дар даҳаи аввали моҳи апрел ҳам дар Чорбоғ зимистон ба маънои томаш ҳукмронӣ дошт...

пешина
аз 429
навбатӣ