Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

инкорпоратсия мебошад. Инкорпоратсия – дар як воҳиди бутуни морфемагӣ ҷамъ овардан ду ё зиёда семантема (унсурҳои маънодор) мебошад, ки дар алоҳидагӣ маънои яклухти луғавӣ доранд. Мавқеъ ва адади ин семантемаҳо ба мазмуну ифода сахталоқаманд аст; муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо соф синтаксисит. Дар забонҳои инкорпорӣ объекту ҳолати амал на ба воситаи аъзоҳои ҷумла, балки ба воситаи вандҳои таркибии феълӣ ифода мешаванд. Баъзан хабари феълӣ мубтадоро низ дарбар мегирад. Калима дар забонҳои инкорпорӣ ду шакл:
алоҳида ва инкорпорӣ дорад. Морфемаҳо мувофиқи принсипи агглютинатсия меоянд. Забонҳои инкорпорӣ ҳамчун забонҳои флективӣ соҳиби флексияи дохилӣ низ мебошанд. Ба забонҳои инкорпорӣ баъзе забонҳои палеосиёӣ (чукотӣ, кореягӣ, алюторӣ, грекӣ, нивкӣ) ва забонҳои ҳиндиёни Амрикои Шимолӣ (дакота, кимшиан, пают ва ғ.) тааллуқ доранд. Баъзан ба забонҳо инкорпорӣ забонҳои агглютинативии эскимоссӣ, алеутиро низ нисбат медиҳанд.
Забонҳои қадимаи эронӣ. Қавмҳои эронитабор дар интиҳои ҳазорсолаи III ва оғози ҳазорсолаи II ба манотиқи гуногуну паҳновари Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ густариш ёфта, қисмати бештари он дар Осиёи Миёна мутамарказ гардид. Дар ин даврон нуқтаҳои канории густариши қавмҳои эронӣ соҳилҳои шимолу шарқи Баҳри Сиёҳ, соҳилҳои баҳри Азов (скифҳо), ҳудуди Чин (қавмҳои сакоӣ), халиҷи Порс ба шумор меравад. Дар ин сарзамин то давраҳои густариши қавмҳои эронӣ ақвоми ғайриҳиндуурупоӣ, аниқтараш эламиҳо, кашмутҳо, бобулиён, луллубиён ва дигар қавму халқиятҳо сукунат доштанд. Аз забонҳои қавмҳои ғайриэронӣ, ки дар ин сарзамини сокинони таърихӣ буданд, эламиҳо то нимаи дуюми ҳазорсолаи то милод бо забонҳои худ коргузорӣ менамуданд ва баъд аз ин бо забонҳои эронӣ омезиш ёфт. Аз 1900 калимоти исмии эламӣ, ки аз ҳуҷҷатҳои коргузории эламӣ дар Персиполи қадим, мансуби солҳои 510-450 то милод ёфтшуда тахминан 200 ном пас аз асрҳои V то милод боқӣ монда, баъдҳо ҷои онро пурра муодилҳои забони порсии қадим гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё