Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар ибтидо сохти синтетикӣ доштанд ва баъд дар ҷараёни инкишофи таърихӣ сохти аналитикӣ пайдо карданд. Дар таснифоти забонҳо ба аналитикиву синтетикӣ бартарию афзалияти тамоюлоти забоние, ки хоси сохти морфологии калима мебошад, ба инобат гирифта мешавад. Ба гурўҳи забонҳои аналитикӣ забонҳои англисӣ, франсавӣ, тоҷикӣ, италиявӣ, испанӣ, даниягӣ, булғорӣ ва ғ. Дохил мешаванд.
Забонҳои байналхалқӣ – забонҳое, ки ба сифати воситаи муносибати халқҳои давлатҳои гуногун истифода мешаванд. Забонҳои байналхалқиро ба табиию сунъӣ ҷудо мекунанд. Забонҳои байналхалқии табиӣ дар замони бостонию асрҳо имиёна хусусияти минтақавӣ доштанд.
Масалан, воситаи муомилоти халқҳои Шарқи Дур забони чинӣ (хитоӣ) буд. Дар давлатҳои қисми Осиёи Пеш дар замонҳои гуногун забонҳои шумерӣ, аккадӣ арамеӣ истифода мешуданд. Забони юнонии бостон забони умумии ҷаҳони эллинӣ буд; забони лотинӣ забони империяи Рим буд; дар асрҳои миёна ҳар ду забон (юнонии бостон ва лотинӣ) дар Аврупо вазифаи забони байналхалқиро адо менамуданд. Дар асрҳои миёна дар кишварҳои Шарқи наздик ин вазифаро забонҳои арабию форсӣ иҷро менамуданд; дар кишварҳои славянӣ забони славянии бостон забони байналхалқӣ буд. Дар замони нав як гурўҳи забонҳои ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд. Пас аз асри XVIII (ки асри забони умумии франсузӣ ном гирифта буд) ба соҳаи истифодаи забонҳои глобалӣ (ҷаҳонӣ) тадриҷан забонҳои англисию олмонӣ ворид шуданд. Дар асри ХХ забони русӣ ва баъзе забонҳои дигар. Барои забонҳои ҷаҳонӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамчун забонҳои созмонҳои байналхалқӣ (Созмони милали муттаҳид, Юнеско…) эътироф гардидан аҳамияте дошт. Масалан, забонҳои кории СММ забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ, франсузианд. Забонҳои сунъии байналхалқӣ системаҳои мухобиротие мебошанд, ки барои муомилоти байналхалқӣ тарҳрезӣ шудаанд. Забонҳои волопюк, эсперанто, интерлингва забонҳои сунъии байналхалқианд.
Забонҳои инкорпорӣ (лот. incorporation – дарбар мегирам, ҷамъ мекунам) ё полисинтетикӣ, забоне, ки воситаи асосии ифодаи онҳо

пешина
аз 389
навбатӣ