Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

исмшавӣ (субстантиватсия), адъективатсия (сифатшавӣ) ва прономинализатсия ҷонишиншавии ҳиссаҳои дигари нутқро низ фаро мегирад.
Адот - пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаву нидо, бандакҳо, пешвандҳои калимасозро дар қадим ба адот дохил кардаанд. Дар дастурҳои арабӣ онро ҳарф низ гуфтаанд: Адоди ҷамъ пасвандҳои ҷамъбандӣ. Адоти нидо – калимаҳои мансуби нидо, амсоли аё, ало, алғиёс.
Адоти нисбат: пасвандҳои ҷамъбандии -ҳо, -он, -ён, -вон, -гон. Адоти таъриф артикли «ал»-и забони арабӣ, ки дар авали исмҳои арабӣ меояд:
алғараз, алқазо, алҳамд, алҳақ. Адоти ташбеҳ: - пасвандҳои қиёсии -осо, - сон, -ваш, -фаш, -вар…
Адстрат (аз лот. ad – назди stratum – қабат, қишр) – маҷмўи хусусиятҳои низоми забонӣ, ки натиҷаи таъсири як забон ба забони дигар дар шароити ҳамзистии дурудароз ва тамосу халқҳои ба ин забонҳо такаллумкунанда мебошад. Адстрат бар хилофи субстрат ва суперстрат типи нейтралии таъсири мутақобили забонист, ки дар он асимилятсияи этникӣ ва омезиши як забон ба забони дигар ба вуҷуд намеояд. Падидаи адстратӣ дар байни ду забони мустақил қабату қишреро ба вуҷуд меоварад. Баъзан истилоҳи адстратро барои ифодаи билингвизми омехта истифода мебаранд.
Адъективатсия (аз лот. adjectivum – сифат) сифатшавии ҳиссаҳои дигари нутқ (ё ба сифат гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ). Дар забони тоҷикӣ бештар сифатҳои феълии замони ҳозира ва гузашта ва асосҳои феъл ба сифат мегузаранд: моҳи тобон, реги равон, гули хандон, гови зананда, саги газанда, гули шукуфта, меҳмони нохонда; офтобаи мис, соати тилло, деги мис, хонаи нишаст, дари кушод, теғи бурранда. Ба сифат гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқро тарзи морфологии синтаксисӣ ё адъективатсия меноманд.
Азбука - аз номи ду нахустҳарфи алифбои славянии қадим азъ ва боукы. Ниг.: алифбо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё