Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Агглютинатсия (аз лотинии agglutinare – ширеш кардан, часпондан).
Тарзи ба вуҷуд омадани шаклҳои калима ва калимаҳои сохта бо роҳи ба таври механикӣ ҳамроҳ кардани вандҳои (аффиксҳои) қолабӣ ба асосҳою шаклҳои тағйирёбандае, ки аз флексияи дохилӣ маҳруманд. Ҳар як ванд танҳо дорои як маънои дастурист ва ҳар як маънои дастурӣ танҳо бо як ванд ифода меёбад. Масалан, дар забони туркӣ ода «хона», лар- пасванди шумораи ҷамъ, да- пасванди ҳолати маконӣ буда, ин калима (одаларда) маънои «дар хонаҳо»-ро дорад. Сохтори калима возеҳу фаҳмост, зеро марзҳои морфемаҳо равшану аниқ буда, маъмулан дар васлгоҳи морфемаҳо тағйиротҳои овозӣ ба вуҷуд намеоянд. Дар заминаи аломати хоси морфологӣ забонҳои агглютинативиро ҷудо мекунанд. Ниг.:
Забонҳои агглютинативӣ.
Адвербиализатсия (аз лот. adverbinm – зарф. Ба зарф гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ. Гурўҳи муайяни калимаҳо бо мурури замон ба категорияи зарф гузаштаанд. Масалан, вожаҳои зимистон, баҳор, тобистон, тирамоҳ ҳамчун номи фаслҳои сол исманд. Аммо ҳамзамон замони воқеъ шудани амалро ифода намуда, дар ҷумла ба вазифаи ҳоли замон меояд: Тобистон назди падарам меравам. Баъзе сифатҳои аслӣ низ ба зарф гузаштаанд. Муқоиса кунед: корди тез (одами тез) – тез омад; Писарам, либоси наватро пўш. Аз мактаб нав омадам. Иддае аз сифатҳои нисбӣ низ ба категорияи зарф гузашта, замони воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд. Муқоиса кунед: Шуъбаи рўзона – рўзона мехонаду шабона кор мекунад. Бо роҳи калимасозӣ низ теъдоди муайяни исмҳо (мўрчавор, пуштнокӣ), сифатҳо (оромона, кўр-кўрона), шумора (ду-ду), шумораю исм (дузону, чорзону) ба категорияи зарф гузаштаанд: Дузону менишаст.
Табиист, ки калимаҳои аз ҳиссаҳои дигари нутқ ба зарф гузашта вазифаи синтаксисии зарф – ҳоли замон, макон, тарзи амалро адо менамоянд.
Интиқоли калимаҳо аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ низ бо адвербиализатсия (зарфшавии ҳиссаҳои дигари нутқ) маҳдуд нашуда,

пешина
аз 389
навбатӣ