Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

А
Аббревиатура – ихтисораҳо (аз итал. Abbreviatura, аз лотинии abbrevio – ихтисор – кўтоҳ мекунам) – исмҳое, ки аз калимаҳои кўтоҳу ихтисоршуда, ибораю калимаҳои мураккаб сохта шудаанд. Ташаккули ихтисораҳо ҳамчун тарзи махсуси калимасозӣ як навъи зуҳуроти кўтоҳбаёнию сарфаҷўиянд. Исмҳое, ки бо роҳи ихтисору кўтоҳ кардани калимаҳо дар забони тоҷикӣ сохта шудаанд, баъд аз Инқилоби Октябр бо таъсири забони русӣ ба вуҷуд омадаанд. Чунин исмҳо бо роҳҳои зерин сохта шудаанд: 1. Ҳарфҳои аввали ибораҳои калимаҳои кўтоҳшуда: а) КМ, ҶТ, ВАБК, ҶИД, ДМТ. 2. Аз ҳиҷои аввали калимаҳои ибораҳо ихтисораҳо пайдо шудаанд: Нашрдавтоҷ. Калимаҳои русии бо ин роҳ сохташуда дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои рехта иқтибос шудаанд:
колхоз, совхоз. 3. Ҳиҷои калимаи аввал ва калимаи дуюми ибора ба он пайваст шудааст: Комиҷроия. Чунин тарзи калимасозӣ дар таҳияю таълифи осори илмию дастуру китобҳои дарсӣ ва махсусан дар луғатҳои гуногуни филологию қомуснигорӣ (энсиклопедӣ) зиёд истифода мешаванд. Бештар ному насаби аҳли илму адаб ихтисор мешаванд:
Садриддин Айнӣ – С.А., Файзулло Ансорӣ – Ф.А., Абулқосим Лоҳутӣ, А.Л., Сотим Улуғзода – С.У. Ихтисори ному насаби адибону шоирони классик (А.Фирдавсӣ, А.Ҷомӣ) он қадар роиҷ ва раво нест.
Абзатс (сарсатр) аз забони олмонии Abzatz аз феъли absetzen – тела додан, ақиб кашидан, канор гирифтан. 1. Фосилаи ҷониби рости авали сарсатр. 2. Як қисми матни чопӣ, ки аз як сарсатр то сарсатри дигар маъмулан чанд ҷумлаҳои ба итмомрасида ва баъзан як ҷумлаи сода ё мураккабро дарбар гирифта як воҳиди наҳвию услубиро ташкил медиҳад.
Аблаут (олм. ablaut) – як навъи бадалшавии садонокҳои аз нигоҳи фонетикӣ ғайриҳатмист. Бадалшавии морфонологие, ки вазифаи флексияи дохилиро иҷро мекунад. а-у (паз - пухт), а-у (бар - бурд), о-у (супор - супурд), у-ў (гуфт - гўй). Ин падидаи морфонологӣ бештар дар забонҳои арабӣ, русӣ мушоҳида мешавад: а-о (тараф - атроф), мавҷ - амвоҷ, хабар - ахбор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё