Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Дар забоншиносии тоҷик нахустин «Луғати терминҳои забоншиносӣ» ба қалами шодравон Худойдод Ҳусейнов ва Кимиё Шукурова тааллуқ дошта, соли 1983 дар нашриёти «Маориф» чоп шудааст. Ҳамон тавре ки мураттибон нигоштаанд, «ин таҷрибаи аввалин буд». Аз замони таълифи ин луғат 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат забоншиносии тоҷик бо асарҳои тозанашр, тадқиқотҳои монографии масоили гуногуни забоншиносӣ, аз ҷумла вожашиносӣ, овошиносӣ, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, таърихи забони адабии тоҷик пурғановат шуд.
Дар шўроҳои илмии муассисаҳои олии илмиву таълимии кишвар, дар кафедраҳои гуногуни мактабҳои олӣ шумори зиёди рисолаҳои номзадию докторӣ оид ба масъалаҳои гуногуни забони адабии муосири тоҷикӣ ва шеваю лаҳҷаҳои он, таърихи забони тоҷикӣ бо фарогири масоили овошиносӣ, вожашиносӣ, морфология, синтаксис, таърихи забон, услубшиносӣ аз ҷониби забоншиносони тоҷик ва эроншиносони хориҷӣ дифоъ гардида, маҳсули онҳо дар шакли монографияҳо ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ ба табъ расиданд.
Дар «Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ» истилоҳҳое, ки серистеъмол буда, зарурату шарҳу тафсири онҳо бештар эҳсос карда мешавад, тафсир ёфтаанд. Ҳамон тавре ки зикр намудем, бештарини истилоҳҳои забоншиносӣ истилоҳҳое мебошанд, ки дар китобҳои дарсии мактабҳои миёнаю олӣ ва асарҳои илмӣ (монографияҳои ҷудогона), маҷмўаи мақолаҳо ва матбуоти даврӣ (дар рўзномаю маҷаллаҳо) истифода шудаанд. Теъдоди муайяни истилоҳоти забоншиносӣ марбут забоншиносии умумӣ буда, масъалаҳои гуногун: равияҳо, мактабҳо, ҷараёнҳо ва усулҳои забоншиносии муосирро инъикос намудаанд.
Ҳамаи истилоҳҳо дар фарҳанг мувофиқи тартиби алифбои имрўза оварда шудаанд. Истилоҳҳое, ки аз истилоҳи асосӣ дар қолаби ибора сохта шудаанд, дар қиёси истилоҳ маънои маҳдуду мушаххасро ифода мекунанд, зери истилоҳи асосӣ дода мешаванд.
Табиист, ки барои аз нав тартиб додани барномаҳои таълимии макотиби миёнаю олӣ ва китобҳои дарсии устувору бардавом, инчунин дар мавриди муайян ва муқаррар намудани худи истилоҳ ё маънои истилоҳҳои ҷудогонаи забоншиносӣ, инчунин дар бобати амиқтару дақиқтар кушодани моҳияти масъалаҳои таълимӣ муҳаққиқон ва омўзгорон ба мушкилиҳои зиёде дучор меоянд. Бар замми ин, барои дарёфти маълумоти саҳеҳи илмию таълимӣ роҷеъ ба ҳар як масъалаи забоншиносӣ ҳам муаллимони мактабҳои миёнаву олӣ ва ҳам кормандони институтҳои тадқиқотӣ маҷбур мешаванд, ки ба соҳаҳои ҷудогонаи илми забоншиносӣ, аз ҷумла савтиёт (овошиносӣ), вожашиносӣ, морфологияву синтаксис, имлою орфоэпия, калимасозӣ, услубшиносӣ, таърихи забони адабӣ, шевашиносӣ, луғатшиносӣ ва забоншиносии умумӣ ба чандин сарчашмаҳою маъхазҳо муроҷиат кунанд.
Таркиби фарҳанг
Дар ин фарҳанг ҳамаи истилоҳҳои забоншиносӣ мувофиқи тартиби алифбо тафсиру шарҳ дода шудаанд. Истилоҳҳое, ки аз истилоҳҳои асосӣ дар қолаби ибора сохта шуда, назар ба истилоҳи асосӣ маънои маҳдудро ифода мекунанд, зери истилоҳи асосӣ оварда мешаванд: «Луғат…
Луғатҳои энсиклопедӣ, луғатҳои филологӣ, луғати тафсирӣ, луғати тарҷумавӣ, луғатҳои этимологӣ, луғати шева, луғати осори адибон, луғати калимасозӣ, луғати имло, луғати орфоэпӣ, луғати паронимҳо, луғати омонимҳо, луғати антонимҳо, луғати синонимҳо, луғатҳои соҳавӣ, луғати чаппа, луғати калимаҳои ихтисоршуда, луғати басомад (чандомад), луғати дузабона, луғати калимаҳои хориҷӣ».
Тарзи тафсир дар фарҳанг
Агар истилоҳҳо аз ҷиҳати баромад ба яке аз забонҳои хориҷӣ мансуб бошад, дар кавсайн бо ҳуруфоти хоси он забон (бештар бо ҳуруфоти забони лотинӣ) навишта шуда, маънои истилоҳ ба забони тоҷикӣ ифода карда мешавад ва тафсир берун аз қафс бо мисолҳо дарҷ меёбад: лаконизм (юн. lakonizmos) маҳорати мухтасар баён карда тавонистани фикр, (ғоя, амал); рехтагўӣ, мўҷазбаёнӣ.
Моддаи асосии луғат, ки мавриди тавзеҳ ва тафсир қарор мегирад дар авали матн дар шакли серранг оварда мешавад ва баъдан тавзеҳу тафсири он ҷой дода мешавад. Чунончи: Алоқаи бепешоянд. Алоқаи луғавию наҳвии байни калимаҳо, ки бе пешоянд ифода меёбад: хона рафтан – ба хона рафтан.
Ҳангоми тавзеҳи истилоҳоти ҷудогона калимаҳое, ки чун далел ва ё мисоли собиткунанда бошанд дар мавридҳои ҷудогона вобаста ба контекст дар қавсайн, серранг ва ё дар зерашон хат кашида мешавад.
Чунончи: Аъзоҳои морфологии ҷумла - аъзоҳои ҷумла, ки бо ин ё он ҳиссаи нутқ ифода ёфтаанд: 1. Мубтадои морфологӣ.
Мисолҳо мавриди муқоиса ба таври зайл тавзеҳ меёбанд: дар қавсайн ихтисораи ифодаи «муқоиса кунед» дар шакли «муқ.:» ва баъдан маводи мавриди муқоиса оварда мешавад. Чунончи: «Дуои ин кас ҳеҷ мустаҷоб намешавад (муқ.: Хоҳиши ин кас ҳеҷ амалӣ намегардад)».
Истинод ба манбаъ ва ё моддаи дигар дар ду шакл, дар қавсайн бо ихтисораи калимаи «нигаред» дар шакли «ниг.:» ва баъдан номи мода ва ё сарчашма оварда мешавад. Чунончи:
- Дар дохили матн: «Дар заминаи аломатҳои хоси морфологӣ забонҳои агглютинативиро ҷудо мекунанд.(ниг.: забонҳои агглютинативӣ)».
- Доир ба моддаи луғат: «Акустика. Ниг.: ҷиҳати акустикии воҳидҳои фонетика».
Номҳои адибони муосир дар шакли ихтисора бо ифодаи сарҳарфи ному насаб дар қавсайн оварда шуда, ному насаб ва ё тахаллуси адибони аҳди классикӣ ба таври пурра оварда мешавад. Рўихати ихтисораҳо дар саҳифаи охири луғати мазкур дода шудааст.
Муаллифон ба ҳамаи онҳое, ки қайду эродҳои худро барои сифатан беҳтар шудани фарҳанг фиристодаанд ва махсусан, ба устодони кафедраҳои забони адабии муосири тоҷик, таърихи забон ва типология, услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба кормандони Институти забон ва адабиёт, мероси хаттии ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоянд.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки таҳияи чунин фарҳанги соҳавӣ маъмулан саҳму талоши ҳамагониву ҳамдастиро тақозо менамояд.
Ҳамакнун матни нашрии фарҳанги мазкур аз норасоӣ ва нақсу камбуд шояд орӣ набошад ва аз ин лиҳоз ҳар гуна таъкиду интиқод аз тарафи мутахассисону ҳаводорон ва донишмандону ихлосмандон барои беҳтар намудани нашрҳои миинбаъдаи вожанома бо дилу дида қабул хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё