Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аккомодатсия – мутобиқшавӣ (аз лот. accommodation - мутобиқшавӣ). Мутобиқати ҷузъии талаффузи ҳамсадоҳо ва садонокҳои ҳамҷавор. Оғози талаффузи овози баъдина ба интиҳои талаффузи овози қаблӣ (аккомодатсияи пешрав) ва баръакс интиҳои талаффузи овози қаблӣ ба оғози талаффузи овози баъдина мутобиқ мешавад (аккамодатсияи пасрав). Тағйирёбии овозҳо дар ҷараёни нутқ дар асоси ду қонуни фонетика – мутобиқат ва бадалшавӣ сурат мегирад. Тобишҳои ҳамнишинӣ ва мавқеие, ки дар натиҷаи мутобиқати тавлиди як овоз ба овози дигар пайдо мешаванд, байни худ муносибати тазодӣ надоранд ва бо ҳамин хусусияташон аз бадалшавӣ (табдили фонемаҳо) фарқ мекунанд.
(ниг.: мувофиқати овозҳо).
Аксент (лот. accentus – зада). 1. Зада. 2. Тарзи талаффузи махсусе, ки дар мавриди ба забони дигар сухан кардан ба мушоҳида мерасад:
талаффузи овозҳои забони бегона бо овозҳои забони худ. Яъне аксент такя, таъкид ва фишори изофӣ, ки рўи яке аз ҳиҷоҳои як калима мегузоранд, то барҷастагии онро нисбат ба ҳиҷоҳои дигари он калима нишон диҳанд. Масалан, дар англисӣ, дар ҳолати исми рўйи ҳиҷои аввали калимаи import такя (зада) мегузоранд ва дар ҳолати феълӣ рўйи ҳиҷои дуюм: (impӯrt).
Аксент – лаҳҷа – усули хоси талаффузи ҳар фард, ки ба шунаванда иттилооте дар мавриди вазъияти иҷтимоии гўянда медиҳад. 1. Нишон медиҳад, ки гўянда аҳли кадом шаҳр ё кишвар аст: масалан лаҳҷаи шимолӣ, лаҳҷаи амрикоӣ. 2. Нишон медиҳад, ки гўянда ҷузъи кадом табақаи иҷтимоӣ аст: масалан лаҳҷаи афроди пойин ва табақаи мутавасит (миёна). 3. Нишон медиҳад, ки гўянда сухангўи бумӣ аст ё нест. Масалан мегўяд: фалонӣ инглисиро бо лаҳҷа (ё бо лаҳҷаи олмонӣ) сўҳбат мекунад.
Аксентология (аз лот. accentus зада ва юнони logos – калима, таълимот) – як бахши забоншиносӣ, ки табиату моҳияту функсияи зада ва падидаҳои марбути задаро меомўзад. Ниг.: зада.

пешина
аз 389
навбатӣ