Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Диалектология (юн. Dialektos – шева, лаҳҷа). Диалектология ё шевашиносӣ илмест, ки дар бораи диалектҳо (лаҳҷа, шева)-и забони алоҳида баҳс мекунад ва хусусиятҳои савтию дастурӣ ва луғавии шеваҳоро меомўзад. Ба таъбири дигар, шевашиносӣ намудҳои маҳаллии забон ва гўйишҳои маҳаллиро меомўзад ва ҳолати кунунии онҳоро муайян мекунад. шевашиносиро аз рўйи мабҳас (объекти тадқиқ) ва усули тадқиқот бо шевашиносии таърихӣ (диахронӣ) ва тасвирӣ (синхронӣ) тақсим менамоянд. Шеваю лаҳҷаҳои ҳар як забон дар замнаи маводи чунин манобеъ таҳқиқ мегарданд: 1. Рўиши зиндаи мардуми маҳаллу мавзеъҳои муайян. 2. Намунаҳои осори қадима, ки пайдоиш ва асли онҳо бевосита ба ин ё он маҳал алоқаманданд. 3. «Забони замин», ки дар топонимия – номҳои ҷуғрофии маҳалҳо интишор гардидааст.
Диалог (юн. dialogos – сўҳбат). Як шакли нутқи шифоҳӣ, гуфтугўӣ байни ду шахс, муколама – асари бадеие, ки дар шакли гуфтугўи байни ду ва ё якчанд нафар одамон навишта шудааст. Асосгузори жанри диалог файласуфи Юнони қадим Суқрот (471–399) мебошад. Диалог дар асарҳои драмавӣ воситаи асосии инкишофи амал ва тасвири характерҳо мебошад.
Дар адабиёти мансур диалог вобаста ба мақсади муаллиф вазифаҳои гуногуни бадеӣ ва ғоявиро адо намуда, як намуди тасвири воқеа аст. Дар адабиёти тоҷику дар диалог муколама аз қадим вуҷуд дорад: Муколамаи дарахти Асурик ва буз аз дастони ҳамноми «Дарахти Асурик». Дар муколама ҳамчун яке аз намудҳои нутқ (гуфтор) хусусиятҳои хоси худро дорад: кўтоҳию мухтасарии ифода, истифодаи воситаҳои ғайризабонӣ:
имою ишора, нақши зиёди оҳанги гуфтор, ҷумлаю ифодаҳои кўтоҳу гуногун, ташаккули нутқи китобии нисбатан озод, бартарию фузунии ҷумлаҳои сода, ки хоси нутқи гуфтугўиянд.
Диапазон - интишори ин ё он падидаи забонӣ ва вазифаҳои он.
Диапазони талаффуз. Маҷмўи ҳамаи хусусиятҳое, ки хоси системаи муайяни артикулатсионист. Диапазони овозӣ. Маҷмўи овозҳое, ки имконияти талаффуз шудан доранд. Диапазони семантикӣ (маъноӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё