Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забони адабӣ фарқ мекунанд. Ҳамаи тафовутҳои луғавии шевагиро ба чунин гурўҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Диалектизмҳои грамматикӣ. Тарзҳою воситаҳои калимаю иборасозӣ ва ҷумлабандии хоси шеваю лаҳҷаҳо, ки ду навъанд: а) диалектизмҳои морфологӣ. Истифодаи шаклҳои дастурии хоси ҳиссаҳои ҷудогонаи нутқ.
    Масалан, ифодаи ҷамъу номуайянии исмҳо, дараҷаҳои сифат, шаклҳои замонии сиғаҳои феъл ва м.и.: Бобот садқа, номи ту Аноргул аст? (С.У.).
    Набиём нағз будааст (Ҷ.И.); б) диалектизмҳои синтаксисӣ: калимаҳои иборасозӣ ва воситаҳои алоқаю робита дар ҷумлаҳо: Собирбойба семириба канаф фурўхтам (Р.Ҷ.).
  2. Диалектизмҳои калимасозӣ. Калимаҳое, ки дар шеваю забони адабӣ ҳамреша буда, пешванду пасвандҳои дигар доранд, гурўҳи диалектизмҳои калимасозро ташкил медиҳанд. Чунончи шабона-шабаконӣ, рўзонарўзаконӣ (китоб), дъхтарвара; духтардор, падару модари духтар (Каратегин).
  3. Диалектизмҳои лексикӣ. Калимаҳои хоси ин ё он шеваю лаҳҷа: Дидед, дадо, авӣ барои аз марг нигоҳ доштани ман худашро ба тир сипар кард (П.Т.); Духтари отаву очам (С.У.).
  4. Диалектизмҳои лексикию фонетикӣ. Калимаҳое, ки қолабу таркиби овозиашон аз забони адабӣ фарқ мекунад: Ту духтари ки мешӣ? (С.У.).
  5. Диалектизмҳои селеантикӣ. Калимаҳои бар замин маънои маъмули худ маънои иловагии ин ё он шеваро доранд ва ба забони адабӣ дохил нашудаанд: ғурбат (ҷанҷол, тўпаланг), диёр (намоён).
  6. Диалектизмҳои фразеологӣ. Ибораҳои рехтаю устуворе, ки хоси лаҳҷаҳои ҷудогонаанд: Дилам об шуд (ғаму андўҳи аз ҳад зиёд).
  7. Диалектизмҳои этнографӣ. Номи предметҳо, амалу ҳолатҳои хоси ин ё он маҳал: Йарч замини нокорам, яъне ҳеҷ шудгор нашудагӣ (Кўлоб, Қаротегин); мурова // вирова – наздикони домод, ки шаби никоҳ ба ў ҳамроҳӣ мекунанд (Қаротегин), Гирдача, чигина, хамак, қинғола, чоқила, рошак, торун дар Қаротегин: Духтарат аз ту пинҳонӣ қинғолабозӣ карда гаштант-ку (С.У.).
пешина
аз 389
навбатӣ