Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Дараҷаи одии сифат. Дараҷаи одӣ асос ва нуқтаи баромади дараҷаҳои қиёсӣ ва олии сифат аст. Сифат дар дараҷаи одӣ аломат ва чигунагии предметро ба аломат ва чигунагии предмети дигар бидуни муқоиса мефаҳмонад: Ҳавои хуб, манзараи зебо, оби соф, бўи хуш, ҷавони қадбаланд: Бар рўи суфа як қолини дарози сербарг паҳн буд. (С.А.).
Дараҷаи олии сифат. Дараҷаи олии сифат ҳадди охирини аломат ва ё ба дараҷаи олии аломат соҳиб будани яке аз предметҳои ҳамҷинсро мефаҳмонад: Ҳабиба аз ҳамаи духтарони дигар ба ман меҳрубонтар буд.
(С.А.); ман мехостам, ки ҷаҳида аз пешаш бароям, бо ҳар ду дастам дасташро фишорам ва суханҳои беҳтаринамро барояш гўям. (С.У.).
Дарӣ (форсӣ-кобулӣ, кобулии-форсӣ) – яке аз забонҳои зергурўҳи забонҳои эронии ҷанубӣ-ғарбӣ. Дар қатори пушту яке аз забонҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон. Шумораи умумии гўяндагони ин забон тақрибан 4 миллион нафар аст. Ду гурўҳи шеваҳои забони дариро ҷудо мекунанд: шеваҳои ноҳияҳои Ҳирот, Хазораҷот, Лоғар ва Гардез, ки бо шеваҳои шимолу шарқии Эрон ва шеваҳои Бадахшон, Панҷшер, Кўҳистон ва ноҳияи Кобул хусусиятҳои муштарак доранд ва шеваҳои гурўҳи мардумони муғултабор – ҳазораҳо ва қавмҳои кўчманчии аймоқҳо.
Дариро бо забонҳои форсию тоҷикӣ пайдоиши умумӣ муттаҳид мекунад:
ҳамаи ин забонҳо идомаи забони адабиёти классикии тоҷику форс мебошанд, ки дорои анъанаи бойи адабиёти хаттию адабианд (адабиёти классикии асрҳои IX–XVI: Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём, Ҷомӣ). Таърихан сарзамини Афғонистони ҳозира бо сарзамини Осиёи Миёна ва қисмати шимолӣ-ғарбии Ҳиндустон шимоли минтақаи шарқии интишори забони порсии нав буд. Аз ҳамин ҷост тафовути дарӣ аз форсии муосир ва қаробати наздик бо забони тоҷикӣ. Аз забони форсӣ бо мавҷудияти садонокҳои дарози о, е, шакли архаистии дифтонҳои (садонокҳои мураккаби ai, aw, бо системаи мураккаби шаклҳои замонии феъл ва таркиби луғавӣ фарқ мекунад). Забони адабии дарӣ дар шароити дузабонӣ (дарӣ ва пушту) қарор дорад. Дарундоди қобили фаҳм - забони гуфторӣ, ки шунаванда метавонад онро дарк кунад, ҳатто агар баъзе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё