Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гўйиш, гўйишӣ. Яке аз гунаҳои забон,кидар бахше аз кишвар роиҷ аст (гўйиши минтақавӣ (гунаи регионӣ), ё афроди вобаста ба табақаи иҷтимоии хос бадон сўҳбат мекунанд. (гўйиши иҷтимоӣ. Ин гунаи забонӣ аз назари вожа, дастур ва ё талаффуз бодигар суратҳои ҳамон забон тафовут дорад. Ҳар гўйиш маъмулан дорои лаҳҷаи (аксент) хоси худаст.
Гоҳ як гўйиш мавқеият пайдо мекунад ва ба сурати гунаи меъёри кишвар медарояд.

Д

Далолат, далолатӣ, маънои сареҳ. Бахше аз маънои калима ё гурўҳ,ки онро ба падидаҳои дунёи воқеӣ, хаёлӣ ё дунёи محتمل рабт медиҳад.
Масалан, маънои сареҳи калимаи bird ин аст: мавҷуди дупо, болдор, тухмгузор, хунгарм ва дорои нўк. Дар як низоми маъноӣ маънои сареҳро метавон маънои марказӣ ё маънои ҳастаии як унсури вожагонӣ ба ҳисоб овард ва онро бо маънои ирҷоӣ ва маънои шинохтӣ ва маънои мафҳумӣ мусовӣ гирифт, агарчи баъзе аз забоншиносон ва файласуфон байни инмафҳумҳо тамоиз мегузоранд.
Дараҷаи қиёсии зарф. Гурўҳи калони зарфҳо дараҷаи қиёсӣ доранд:
Вай зудтар наздиктар рафта қарор гирифт. (С.У.) Фарқи дараҷаи қиёсии зарф аз дараҷаи қиёсии сифат он аст, ки вай ба феъл вобаста шуда, онро шарҳу эзоҳ медиҳад: Шомурод пас аз хўрда шудани палав боз поёнтар нишаст. (С.А.) Баъзе зарфҳои миқдору дараҷа (камтар, бадтар), макон (поёнтар, болотар), замон (бегоҳитар, дертар, наздиктар) дараҷаи қиёсӣ доранд.
Дараҷаи қиёсии сифат. Сифат дар дараҷаи қиёсӣ мефаҳмонад, ки ба аломати мавҷудаи худи ҳамон предмет ба андозае зиёд ё кам аст. Дараҷаи қиёсӣ бо роҳи ба дараҷаи одӣ илова намудани пасванди шаклсози -тар сохта мешавад: бузургтар, ҳамортар, ширинтар. Маълум мешавад, ки пои ман аз пои шутур ҳам сахттар ва ба сармо тобовартар будааст (С.А.).
Дараҷаи қиёсии сифат ду роҳи ифодашавӣ дорад: а) синтетикӣ (таркибӣ); б) аналитикӣ (таҳлилӣ). Навъи синтетикӣ бо роҳи ба сифати аслӣ ҳамроҳ намудани пасванди -тар сохта мешавад: хуб-хубтар, гарм-гармтар: Имрўз офтоби ҷонбахш ба қишлоқ доман-доман нур пошида, гулу сабзаро зеботар, дарахтони нав баргкушодаро барнотар… карда буд. (Ҷ.И.).
Дараҷаи қиёсӣ бо пешояндҳои номӣ-таркибии нисбат ба, назар ба ва таркиби «боз ҳам», ифода меёбанд: Оби шўхи дарёчаи қишлоқ боз ҳам шўхтар шудагӣ барин ба назар метофт. (Ҷ.И.).

пешина
аз 389
навбатӣ