Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(авестоӣ, модӣ, скифии сарматӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва u.) дохиланд, ки онҳоро дар фаслҳои ҷудогона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод. Дар илми муосир гурўҳи забонҳои эронӣ аз рўи таҳаввули таърихӣ, минтақаи густариш ва хусусиятҳои сарфиву наҳвӣ то андозае таҳқиқу тасниф гардидаанд. Доир ба забонҳои эронӣ осори гуногуни илмиву таълимӣ, мақолоту дастуроти фаровон интишор ёфтаанд, ки ин ҳама дастоварди назарраси илми забоншиносӣ ва эроншиносии муосир аст. Забонҳои эронӣ аз нимаи дуввуми ҳазорсолаи 2-юми то милод дар Осиёи Марказӣ паҳн гардида, рушду нумӯъ карданд. Азбаски аз он даврон то ҳанўз ягон осори хаттӣ аз забонҳои эронӣ дастрас нашудааст, доир ба дигар масоили забонии гурўҳи мазкур муҳокимаронӣ мушкилтар аст. Таърихи забони тоҷикӣ имтидоди зиёда аз ҳазорсоларо дар бар гирифта радду бадал ва коҳишу афзоиш ҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст ва умуман таърихи забонҳои эронӣ даврони басо тўлонӣ ва пурпечутобро фаро мегирад.
Гурўҳ. 1. Воҳиди таҷзияи фонетикӣ, синтаксисӣ ва семантикии (маъноии) нутқ. Гурўҳи аксент. Гурўҳи калимаҳое, ки як задаи муттаҳидкунанда доранд. Гурўҳи нафасбарорӣ. Як ҷузъи (қисми) гуфтор, ки бе танфис (пауза) талаффуз карда мешавад; қисми нутқ, ки бо ду танфиси физиологӣ талаффуз карда мешавад. Гурўҳи оҳангию маъноӣ.
Гурўҳе, ки дар сатҳи таҷзияи актуалии ҷумла ҷудо карда мешавад. Гурўҳи мубтадо (таркиби мубтадо, ҳайати новобаста). Мубтадо ва аъзоҳои пайрав ба он вобаста; муқобили гурўҳи хабар. Гурўҳи хабар ва аъзоҳои пайрави ҷумлаи аз он вобаст.
Гурўҳи забонҳои анатолӣ. Гурўҳи забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ, ки ба онҳо танҳо забонҳои мурда тааллуқ доранд: хетӣ (хетӣ-несетӣ), кувӣ, палаӣ, медӣ ва ғ. Ин забонҳо то эраи мо дар ҳудуди Осиёи Сағир паҳн шуда буданд.
Гурўҳи забонҳои балтикӣ. Аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои славянӣ наздиканд: литвагӣ, латишӣ, латгалӣ. Ба ин гурўҳ забонҳои мурдаи Прусияи қадим низ мансуб аст, ки забонҳои аҳолии Прусияи шарқӣ будааст.

пешина
аз 389
навбатӣ