Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Графемика англ. Graphemics. Як бахши (фасли) забоншиносист, ки қонуниятҳо ва қоидаҳои ифодаи фонемаҳои забонро дар нутқи хаттӣ меомўзад (муқ. Морфемика, фонемика).
Графика англ. Graphics. 1. Маҷмўи ҳамаи воситаҳои хати ин ё он забон. Графикаи лотинӣ. Графикаи арабӣ. 2. Таносуби системаи аломатҳои хаттӣ бо системаи фонетикии забон.
Графикӣ англ. Graphic. Сифати графика. Монандшавии графикӣ Ниг.: Монандшавӣ. Варианти графикӣ ≈ алография. Аломатҳои графикӣ Ниг.: аломат.
Гуна (ниг.: вариант).
Гурўҳи забонҳои эронӣ. Забонҳои эронӣ як гурўҳи ҷудогонаи шохаи забонҳои ориёнӣ (ҳиндуориёӣ), оилаи забонҳои ҳиндуурупоӣ аст, ки онҳо аз ҷиҳати манотиқи густариш, хусусиятҳои сарфиву наҳвӣ ва таҳаввулоти таърихӣ ба ҳамдигар наздиканд. Асри ХХ дар таҳқиқу омезиши забонҳои эронӣ дастовардҳои бузургеро ба ҷаҳониён дастрас намуд. Ҳанўз аз оғози қарни бистум (1895-1901) муҳимтарин тадқиқоти бунёдӣ, сарчашмаи муҳими илмиву назарӣ доир ба забонҳои эронӣ «Grandrish der iranischen philoloqie»
интишор ёфт, ки он боиси ковишу кушоишҳои тоза ба тозае дар таҳқиқи забонҳои эронӣ гардид. Китоби мазкур дар он даврон тамоми дастовардҳои муҳими таърихи забонҳои эрониро фаро гирифта буд. Минбаъд мафҳуми «забонҳои эронӣ», «гурўҳи забонҳои эронӣ» дар эроншиносӣ ва умуман забоншиносиву таърих беш аз пеш маъмулу мустаъмал гардид. Дар идомаи ин тадқиқоти бузург дастовардҳои назарраси илмӣ дар таҳқиқу баррасии хусусиятҳои сарфиву наҳвии забонҳои эронӣ рўи кор омаданд. Гурўҳи забонҳои эронӣ гуфта забонҳои зинда ва матруки (маҳвшудаи) аз ҷиҳати генетикӣ бо ҳам қаробатдоштаро мегўянд, ки дар ибтидо аз як забон (модарзабон, забони мабдаъ) сарчашма гирифтаанд. Предмети омезиши забонҳои эронӣ бағоят мукаммалу васеъ аст ва онҳоро ҳамеша амиқ ва дақиқ бояд омўхт. Ба гурўҳи забонҳои эронӣ забонҳои тоҷикӣ, порсӣ, афғонӣ (пашту), осетинӣ, курдӣ, забонҳои помирӣ, яғнобӣ, балуҷӣ, тотӣ, толишӣ, гелонӣ, мозандаронӣ, ормурӣ, парочӣ ва як қатор забонҳои қадимаи эронӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё