Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб ҷумлаҳои пайрави якхела аъзоҳои гуногун ё сарҷумларо ба тарзҳои гуногун шарҳ дода бошанд, ғайричида мешаванд: Азбаски ин дасти рост аст, барои ту боз ҳам сахт аст, чунки акнун хат навишта наметавонӣ; Ту ки акнун ба кори деҳқонӣ даст мезанӣ, бояд каду корӣ, чунки ин як кишти шўхи беор аст ва бисёр нигоҳубинро талаб намекунад (С.А.).
Ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби дараҷагӣ. Дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ чанд ҷумлаи пайрав силсилавор бар эзоҳи ҷумлаи пешомада меоянд: Қориишкамба пиёда мерафт ва бо вуҷуди фарбеҳӣ қариб давида роҳ мерафт, ки пеш аз ба қишлоқ баромада рафтани ноиб ба ноибхонаи Галаосиё рафта бирасад, то ки кори худро бо ў дар хона пазонда, баъд аз он бо ҳамроҳ рафиқ кори худро дар ҳузури ў ба поён расонад (С.А.). Дар ин мисол ҷумлаи пайрави мақсади аввал бо пайвандаки ки ба сарҷумла ва ҷумлаи пайрави мақсади дуюм бо пайвандаки то ки ба ҷумлаи пайрави якум тобеъ шудааст.
Ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби чида. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиби ҳампайрав чида ва ғайричида мешаванд. Дар гурўҳи аввал аз ду зиёда ҷумлаҳои пайрави якхела ба сарҷумла ё ягон аъзои он тобеъ шуда, онро аз як ҷиҳат эзоҳ медиҳанд: Соро бо ин садо ҳушёр шуда, чашм кушода дид, ки бой ўро дашном медиҳад ва офтоб ҳам қади найза баланд шуда, нури худро ба олам паҳн кардааст (С.А.). Вақте ки наздиктар шинос шуданд мерган додари устодаш Ҷамолхон будани муаллимчаро фаҳмид, меҳраш дучандон афзуд (Ҷ.О.). Дар мисоли аввал ду ҷумлаи пайрави муайянкунанда, дар мисоли дуюм ду ҷумлаи пуркунанда ва дар мисоли сеюм ду ҷумлаи пайрави замон ба сарҷумлаҳо тобеъ шуда, ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби чида сохтаанд. Дар байни ҷузъҳои ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби чида ду навъи алоқаи наҳвӣ вуҷуд дорад: байни ҷумлаҳои пайраву сарҷумла алоқаи тобеӣ, вале байни худи ҷумлаҳои пайрав алоқаи пайваст (пайвандакдор ё бепайвандаки паиҳам, хилофӣ ва ҷудоӣ) вуҷуд дорад: Аммо он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рўй дод, ки на танҳо умеди падарам ва осоиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор