Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

бештар пайрави хабар ба эътибор гирифта мешавад: Ў гумон кард: сари синааш дамида рафта истодааст (С.А.); Ман дар дили худ гуфтам: ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст (С.А.). Муносибати хилоф. Ҳар як ҷумлаи содаи таркиби ин гуна ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб нисбат ба ҷумлаи пеш муносибати хилоф доранд: – Ман ба чилу панҷ даромадам, – гуфт Рўзӣ, – аммо маро умр пир накардааст, балки меҳнати сиёҳе риши маро сафед кардааст (С.А,). Муносибати ҷудоӣ: Шояд ў аз роҳи дур омада бошад, ё дилаш аз парвоз беҳузур гашт, ё сараш дард мекунад (Т.Нурмуҳаммад). Муносибати сабабу натиҷа: Тобистон шуд, роҳи пурбарфи миёни Ҳисор ва Самарқанд кушода гардид, вақти сафари Самарқанд даррасид (С.А.). Муносибати замонӣ ва ҷудоӣ: Онҳо аз ҷой хостанд, касе ба пеш гузашт, мо онҳоро дастгир мекунем ё онҳо худро ба об мепартоянд (Р.Ҷ.). Муносибати хилоф ва сабабу натиҷа: Раис паи ташкили ҷой рафта буд, вале дер буд аз вай дарак набуд, бинобар ин аксарияти таклифи Диловарро тарафдорӣ карданд.
Ҷумлаи мураккаби тобеи пайвандакдор. Ҷумлаи мураккаби тобее, ки пайраваш ба сарҷумла бо ёрии пайвандакҳои тобеъкунанда тобеъ мешавад: Ҳуррият ҳамин будааст, ки касе ба касе зулм карда наметавонистааст (С.А.); Дар вақте ки мо аз ағба мефуромадем, рўз торик шуда буд (С.У.).
Ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб. Ҷумлаҳое, ки аз се ва зиёда ҷумлаҳои сода таркиб ёфтаанд. Ин гуна ҷумлаҳоро ба се гурўҳ – ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб, ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб ва омехта ҷудо мекунанд.
Ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби ғайричида. Ҷумлаи сертаркибе ки дар он аз ду зиёда ҷумлаҳои пайрави гуногун ба як сарҷумла тобеъ шуда, онро аз ҷиҳатҳои гуногун шарҳ медиҳад ва ё дар он аз ду зиёда ҷумлаҳои пайрави якхела аъзоҳои гуногуни сарҷумларо эзоҳ медиҳанд:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики худованд бадӣ нест фаромушт (Рўдакӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор