Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудан ё нашудани амалу ҳолати хабарро шарҳ медиҳад ва ба саволи чаро?, барои чӣ?, аз чӣ сабаб? ҷавоб мешавад. Ҳоли сабаб бештар бо исм, масдар, сифати феълӣ, ибораҳои исмӣ, масдарӣ ва сифати феълӣ ифода меёбад:
Ман аз тарс дар ҷоям шах шуда монда будам (С.У.); Аммо сарам аз фикри бисёру бехобӣ сахт дард мекунад (А.Ш; Ҳ.А.). Ҳоли мақсад. Ҳоли мақсад мақсади воқеъ гардидани амалу ҳолатро фаҳмонда, ба саволҳои Барои чӣ?, Бо кадом мақсад? Ҷавоб мешавад. Ҳоли мақсад бештар бо алоқаи вобастагӣ ба хабар алоқаи маъноию грамматикӣ пайдо мекунад. Дар ифодаи он пешояндҳои барои, ба, бо мақсади, ба умеди, бо нияти ба кор бурда мешаванд: Ман ба мақсади алавдаргиронӣ зуд як қабза хасу хошок чида овардам (С.У.). Ҳоли шарт. Ҳоли шарт бо кадом шарт иҷро шудани амали хабарро мефаҳмонад ва ба саволҳои Ба шарти чӣ?, Бо кадом шарт?
Ҷавоб мешавад. Ҳоли шарт бо исм, масдар, сифати феълӣ ифода меёбад:
Мо бо иҷозати вай мазаи ангуру меваро мечашидем (С.У.). Ҳоли хилоф.
Ҳоли хилоф амал, ҳолат ва аломатро ифода мекунад,ки ба содир шудани амалу ҳолат ё аломати хабар танҳо мамониат мекунад. Ҳоли хилоф ба саволҳои Бо вуҷуди чӣ?, Сарфи назар аз чӣ?, Қатъи назар аз чӣ? ҷавоб мешавад: Бо «ҳалво»гуфтан даҳон ширин намешавад (Зарб); Бо вуҷуди ин асп ба хубӣ давид; Азимшоҳ гум шудани ду гўсфанди худро шунида ҳеҷ изҳори андўҳ накард (С.А.). Ҳоли мутобиқат. Ҳоли мутобиқат бо чунин воситаҳои грамматикӣ ифода меёбад: пешояндҳои гуногуни аслӣ, номӣ, таркибии бо, ба, мувофиқи, муносиби, дар асоси, ҷуфти пешоянду пасоянди ба… нигоҳ карда: Аз рўйи нишондоди роҳбар ҳар рўз ба чанд майдони пахта… об медиҳам (С.А.). Ҳоли мутобиқат ба саволҳои мутобиқи чӣ?, аз рўйи чӣ?, бо чӣ?, назар ба чӣ?, вобаста ба чӣ?: ҷавоб мешавад. Падарам мувофиқи фармоиши духтур аз як дору чанд қатра ба бинии ў чаконд (С.У.). Ҳоли тарз. Ҳоли тарз аломат, ҳолат, вазъият, тарзу тариқи воқеъ шудани амал, ҳолат ва аломати хабар ва дигар аъзоҳои ҷумларо мефаҳмонад: Падарам хурсандона ба пешвози ў шитофт (С.У.). Пиёда ба он ҷо расидан мумкин набуд (Ҳ.К.). Ҳоли монандӣ. Ҳоли монандӣ амал,

пешина
аз 389
навбатӣ