Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

овозии онҳоро ошкор мекунем: а) калима ва морфемаҳои якҳиҷоӣ дар таркиби худ аз як то чор овоз дошта метавонанд: ў, бо, бод, барг; б) калимаҳои якҳиҷоӣ аз як овоз иборат шуда метавонанд, вале ин овоз ҳатман садонок аст: ў (ҷонишин), о (асоси замони ҳозираи феъли омадан); в) дар калимаҳои якҳиҷоӣ мавҷудияти як овози садонок ҳатмист: ў, ба, сад, панд; г) агар калимаҳои якҳиҷоӣ бо ҳамсадо сар шаванд, бо як ҳамсадо оғоз меёбанд: буз, панҷ, дар, зўр; е) агар калимаҳои якҳиҷоӣ бо ҳамсадо ба охир расанд, бо як ё ду ҳамсадо ба анҷом мепазиранд: сар, мард, дард.
Қолабҳои ҳиҷои тоҷикӣ инҳоянд: v, cv, cvc, vcc, cvcc (v – садонокро ва c – ҳамсадоро ифода мекунад).
Ҳол. Ҳол аъзои пайравест, ки ҳолат, аломат, тарз, миқдор, андоза, замон, макон, сабаб, мақсад, шарт, хилоф ва мутобиқати воқеъ гардидани амал, ҳолат, аломати хабар ва гоҳе дигар аъзоҳои ҷумларо эзоҳ медиҳад.
Ҳолро аз ҷиҳати маъною вазифааш ба ду хел ҷудо кардан мумкин аст:
Ҳоли ифодагари муносибат ва аломат. Ҳоли муносибат замону макон, сабабу мақсад, шарту хилоф ва мутобиқати воқеъ шудан ё нашудани амал, ҳолат ва аломати хабарро ифода мекунад. Ҳоли аломат тарз, ҳолату вазъият, миқдору дараҷаи зоҳиршавии амалу аломати хабар ва аъзоҳои дигари ҷумларо мефаҳмонад. Ҳоли замон, ҳангом, ибтидою интиҳои замони воқеъ гардидани амалу ҳолати хабарро мефаҳмонанд ва бо ду навъи алоқа (ҳамроҳӣ, вобастагӣ) ба хабар тобеъ мешавад: Дина ў қариби шом бо пуштвораи ҳезум аз кўҳ фуромада буд ва ҳоло аъзои баданаш зирик-зирик дард мекард (Ҷ.А.). Дар ифодаи муносибати замон пешояндҳои номии ҳангоми, баъди, баробари, ҳини, пешояндҳои таркибии дар вақти, дар ҳангоми, баъд аз, пеш аз, қабл аз, пасояндҳои боз, замон саҳми бештар мегузоранд: Дар вақти саёҳатҳо Аҳмад махдум ба китобат ва таълифот машғул намешуд (С.А.). Ҳоли макон ҷой, ибтидою интиҳо, сўй ва роҳи ҳаракати амалу ҳолати субъектро ифода мекунад ва ба саволҳои куҷо?, аз куҷо?, ба куҷо?, то куҷо?, дар куҷо? Ҷавоб мешавад: Ҳар се бародар берун баромадем (Ф.М.); Насими Талх дар ҳамин қишлоқ зиндагӣ мекунад? (Ҷ.И.). Ҳоли сабаб. Ҳоли сабаб бо кадом сабаб воқеъ

пешина
аз 389
навбатӣ