Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

феъл, пешванд-пешоянд, пайвандакҳо ва ҳиссаҳо. Дар «Ал-китоб», Сибавайҳ ҳиссаҳои нутқро ба исму феълу ҳуруф ҷудо намудааст.
Ҳиссаҳои номии нутқ. Исмҳо, ки номи предмет, шахсу воқеаю ҳодисаҳоянд, сифатҳо,ки номи аломату хусусият ва шумораҳо, ки миқдори предметҳоро бо ададҳо ифода мекунанд, ҳиссаҳои номии нутқанд. Ҷонишин низ ҳиссаи номии нутқ аст, зеро он ба ҷои ҳиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, шумора) меояд.
Ҳиссачаҳо. Калимаҳое, ки ба фикру андешаи гуфтор муносибати субъективии гўяндаро ифода мекунанд. Ҳиссачаҳо барои таъкиду ифодаи тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд.
Онҳо маънои луғавӣ надоранд, вале ҳамчун воситаи луғавии ифодаи муносибатҳои субъективӣ бо воситаҳои грамматикию оҳанги гуфтор кор фармуда мешаванд: Инжинери об шудӣ? – Бале. (Р.Ҷ.); Ту худат хўрок хўрдӣ? – Не. (Ф.Н.). Ҳиссачаҳо ба якчанд гурўҳ ҷудо мешаванд:
Ҳиссачаҳои ишоратӣ. Ҳиссачаҳое, ки миқдоран кам буда, аз калимаҳои ана, мана, ҳу иборатанд: Ана ин гул, бачаам, «Анбаргул» ном дорад (Р.Ҷ.).
Ҳу, дар ёд дорӣ, мо ба хонаи онҳо рафта будем (Ҷ.И.). Ҳиссачаҳои маҳдудӣ: фақат, танҳо. Ин ҳиссачаҳо ба калима, ибора ё ҷумла тобиши маҳдудӣ мебахшанд: Танҳо ба модарат гўй, аммо ба дигар касс нафаҳмон (П.Т.). Ҳиссачаҳои таъкидӣ: ҳатто, ҳам, боз. Ин ҳиссачаҳо барои таъкид намудани маънои калима, ибора ё ҷумла ва пурқувват гардонидани таъсири гуфтор хизмат мекунанд: Дигар ба ҳамон хел харҳои муғамбир савор ҳам намешаваму… (Р.Ҷ.). Ҳиссачаҳои тасдиқӣ. Ҳиссачаҳои ҳа(ҳо), бале, оре, хуб, хайр маънои тасдиқ ва розигиро ифода менамоянд: – Ҳо, лекин мулк надид, обу замин надид, ки ман ин зўру қувватамро дар онҳо кор фармоям… (С.У.); Оре, ин хел касон кам нестанд (Ф.Н.). Ҳиссачаҳои саволӣ. Ҳиссачаҳои саволӣ яке аз воситаҳои асосии ифодакунандаи пурсишанд: -мӣ, -чӣ, оё, -а, магар, наход, наход ки, на ин ки: Оё ҳамин гапҳо боиси ситеза кардан аст, духтарам? (Ф.Ниёзӣ); Шумо, магар ба ман кор доред? – гуфта пурсид (С.А.). Ҳиссачаҳои модалӣ-иродавӣ. Ҳиссачаҳои ин гурўҳ ба гуфтор тобишҳои гуногуни модалӣ-иродавӣ медиҳанд. Онҳо

пешина
аз 389
навбатӣ