Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳарфи таркибӣ. Ҳарфе,ки як овозро ифода намояд ҳам, аз ду ё зиёда аломатҳо ташкил ёфтааст. Чунин ҳарф хоси алифбои баъзе забонҳои олмонӣ ва кавказист: олмонӣ – ch(x), sch(ш), tsh(ч).
Ҳарфи хурд. Ҳамаи ҳарфҳое, ки дорои ҳаҷму шакли ягона буда, пас аз ҳарфҳои калон навишта мешаванд.
Ҳиссаҳои нутқ. Калимаҳо бо маънои луғавии худ, бо категорияҳои грамматикӣ, бо тарзу қолабҳои калимасозии худ ба гурўҳҳои луғавию грамматикӣ, яъне ба ҳиссаҳои нутқ ҷудо мешаванд. Ҳар як ҳиссаи нутқ дар забони адабии тоҷик маънои луғавии хос, категорияҳои муайяни морфологӣ ва қолабҳои калимасозӣ дошта, вазифаи мушаххаси синтаксисиро адо мекунад. Масалан, исм номи предметро ифода намуда, дорои категорияҳои морфологии шумора, номуайянӣ ва соҳибият мебошад ва дар ҷумла, пеш аз ҳама, ба вазифаи мубтадо ва пуркунанда меояд. Ҳиссаҳои нутқ дар асоси маъно ва вазифаашон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: 1. Ҳиссаҳои мустақили нутқ. 2. Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ.
Исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф ҳиссаҳои мустақили нутқ буда, пешоянду пасояндҳо ва пайвандакҳо ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқанд.
Ҳиссаҳои мустақили нутқ маънои мустақили луғавӣ дошта,предмет, аломат, хосият, ҳолат ва амалро мефаҳмонанд: ҷаҳон, мард, шаҳр, хона, ҷавон, зебо, хом, ман, тез, вай (ў), даҳ, сад, панҷум, даҳум, омадан, дидан, омадан, дидан, фуромадан, имрўз, фардо, оҳиста, қасдан. Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ маънои мустақили луғавӣ надоранд ва муносибати байни падидаю ҳодисаҳои воқеиятро мефаҳмонанд: аз хона омадам, ба ту гуфтам, бародар ва хоҳарам пешвоз гирифтам. Пешоянду пасояндаҳо ва пайвандакҳо ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқанд. Ҳиссачаҳо аз рўйи ифодаю вазифаашон ба калимаҳои модалӣ шабоҳат доранд ва аз ҷиҳати ифодаи маъною вазифаашон аз пешоянду пасояндҳо ва пайвандакҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар асри IV-и пеш аз эраи мо Арасту дар асри IV-и пеш аз милод ҳиссаҳои нутқро ба ном (исм), феъл, аъзо, пайвандак, овозҳои ҷудогона, ҳиҷо ва ҳолат (падеж) ҷудо намудааст. Панини (дар асри V-и пеш аз милод) дар забони санскрит 4 гурўҳи калимаҳоро зикр намудааст:

пешина
аз 389
навбатӣ