Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ин хатро ихтироъ кардаанд. Хати форсии қадим 36 аломат дошт ва аз чап барост навишта мешуд.
Хати шикаста. Ҳамчунин онро хати маъмулӣ мегўянд. Навъи хат, ки ҳуруфи калимоти он ба ҳам муттасил мешаванд. Дар муқоиса бо дастнавишта, ки ҳуруфи калимоти он аз ҳам ҷудо ҳастанд, мисли хати маъмули дар чоп.
Хаттотӣ, хушнависӣ, санъати хати шевою зебо. Таърихи хушнависӣ таҳаввули хат ва олати асосии китобат қалам (найқалам) сахт марбут аст.
Ғар аз аз хушу хуб навиштан ба эҳтирос овардани завқи хонанда, малеҳ ва бадеъ кардани хат буд. Хушнависӣ дар байни баъзе халқҳои Шарқи Наздик дар асоси хати арабӣ интишор ёфтааст. Навъҳои маъмултарини хати гузашта усули шашгона ва ё усули сита: сулс, насх, муҳаққаъ, райҳон, тавқеъ ва рикоъ ҳисоб меёбад, ки асоси ҳамаи он хати кўфист. Минбаъд аз махлут шудани хатҳои зикршуда хелҳои дигар, аз ҷумла, таълик, настаълиқ, шикаста ва ғ. пайдо шудаанд. Услуби хушнависӣ ба хелҳои хат вобаста аст. Хушнависӣ чун арўз, бадеъ, қофия ва илмҳои дигари асрҳои миёна қонунҳои махсус, назария ва амалияи худро дошт. Маҷмўи қоидаҳоеро, ки дар хушнависӣ ҷорӣ ва маъмул буд, қавоиди дувоздаҳгона меномиданд ва он усул, таркиб, курсӣ, сууд, нузул, нисбат, давр, сатҳ, қувват, заъф, сафо ва нишон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор