Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Хати тасвирӣ, пиктография, хатест, ки дар он матлабу мақсад дар шакли тасвир ифода мешавад. Аз рўи аломатҳои хати тасвирӣ, ки аз аксҳои гуногун иборатанд, забонеро надониста, хати онро хондан мумкин аст. Дар хати тасвирӣ аломатҳои шартӣ, рамзӣ мустаъмаланд: тасвири ду дили ба ҳам пайваст – «ишқ», чоркунҷаи дохили доира – «манъи гузар»
(дар аломатҳои роҳ) ва ғ. Хати тасвирӣ аз давраҳои қадим (тақрибан ҳазораҳои 8–6 то м.) маъмул буд. Имрўз хати тасвирӣ чун воситаи ёрирасони мубодила дар аломатҳои роҳ, лавҳаҳои дўконҳо, сартарошхонаҳо, устохонаҳо ва ғ. ба назар мерасад.
Хати финиқӣ, як навъ хатест, ки финиқиҳо, карфагенҳо, яҳудиёни қадим ва дигарон дар давлатҳои қадимии Финиқия, Сурия, Фаластин, қисман дар Миср, ҷазираи Кипр Киликия (вилояте дар Осиёи Хурд).
Осори хати финиқӣ ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. – а. 4 то м.
мутааллиқанд. Сарчашмаҳои пайдоиши хати финиқӣ пурра таъин нагардидаанд. Ақидаи мўътабартарин ин аст, ки хати финиқӣ аз хати ҳиҷоӣ ва ё ҳамсадоии канъонии қадим (манбаи бисёр хатҳои Мисри Қадим) пайдо шудааст. Дар хати финиқӣ 22 ҳарфи ҳамсадо вуҷуд дошт.
Баъдтар аломатҳо барои ишораи садонокҳои дароз пайдо шуданд. Қариб ҳамаи системаи хатҳои ҳарфию овозӣ, аз ҷумла ду шохаи калони хатҳо – хати юнонӣ ва хати оромӣ, ки манбаи бисёр хатҳои ғарбӣ ва шарқӣ мебошанд, аз хати финиқӣ ибтидо гирифтаанд. Масалан, алифбои арабӣ, ки манбааш хати оромист, аз рўи ному маънии ҳарфҳо ва қисман аз рўи шакли онҳо ба хати финиқӣ мутобиқ аст.
Хати форсии қадим, системаи хати ҳиҷоии мехист (ниг.: хати мехӣ), ки аз он барои сабти осори забони форсии қадим истифода шудааст.
Манбаъҳои пайдоиши хати форсии қадим аниқ муайян нагардидаанд.
Ҷиҳати асосие, ки ин хатро ба хатҳои мехии эламӣ ва аккадӣ қаробат додаст, истифода шудани аломати мехмонанд чун унсури хат мебошаду бас. Шоҳ Дорои 1 дар яке аз катибаҳо худро ихтироъкори хати форсии қадим номидааст. Эҳтимоли қавӣ он аст, ки бо фармони Доро дабиронаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор