Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Хати арманӣ, хати овозиест, ки сарроҳиб Месроп Маштоци (361– 440) тақрибан солҳои 405–406 дар асоси хати юнонӣ (византиягӣ) ва оромии шимолӣ ихтироъ карда буд. Алифбои ин хат 36 ҳарфро дар бар мегирифт. Тартиби ҷойгирии ҳарфҳо ба алифбои юнонӣ мувофиқат мекард. Дар асри 12 ба хати арманӣ боз ду ҳарфи нав илова карда шуд.
Хати арманӣ а.-и ҳозира аз 39 ҳарф иборат аст.
Хати бохтарӣ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони бохтарӣ истифода шудааст. Дар асоси хати юнонӣ ба вуҷуд омадааст. 25 аломат дорад. Барои ифодаи овозҳои дар забони юнонӣ вуҷуд надошта дар асоси ҳарфҳои юнонӣ баъзе аломатҳои дигар ихтироъ шуданд. Ду шакли хати бохтарӣ – ороста ва шикаста маълум аст. Дар хати бохтарии ороста ҳарфҳо аз якдигар ҷудо, равшан, ба шакли қиррадор ё мудаввар навишта мешуданд. Дар хати бохтарии шикаста ҳарфҳои васлшуда (лигатураҳо) зиёданд, ки ин ҳолат хондани матнро мушкил мегардонад. Хати бохтарӣ хати расмии давлатии Кушониён низ буд. Дар асри 4 хати бохтариро ҳайтолиён қабул карданд. Осори хати бохтарӣ навиштаҷоти аз Сурхкўтал, Қаротеппа, сиккаҳо, сафолпораҳо, катибаҳои аз Урузгана ва води Гочӣ ёфташуда мебошанд.
Хати гиреҳҳо, дар астрономия, хати ростест,ки гиреҳҳои мадори осмониро ба ҳам мепайвандад; ҳамвории мадор ва эклиптика ин хати ростро бурида мегузаранд.
Хати гурҷӣ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони гурҷӣ истифода мешавад. Мувофиқи анъанаи халқӣ он дар замони ҳукмронии Фарнавоз (а. 3 то м.) ба вуҷуд омадааст. Бо яке аз навъҳои хати оромии шарқӣ (ниг.: хатти оромӣ), алоқаманд буд. Пас аз ҷорӣ гардидани дини насронӣ унсурҳои оромии хати гурҷӣ дар таъсири хати юнонӣ тағйир ёфт, аз забони юнонӣ якчанд аломат барои ишораи садонокҳо қабул гардиданд. Қадимтарин осори хати гурҷӣ катибаҳои Биёбони Яҳуди Фаластин, Болниси (а. 5), Ҷвари (а-ҳои 6-7), катибаҳои дар пўст навишташуда (а-ҳои 5-7), дастнависи аз дайри Екатеринаи олиҳа дар нимҷазираи Синай ёфтшуда (а. 9) мебошанд. Хати гурҷӣ се давраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор