Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ифода менамоянд. Ба фразография воситаҳои предметӣ ё ғайрихаттии додани хабар, аломатҳои шартӣ ва хати тасвирӣ (пиктография) дохил мешаванд. Аломатҳои шартӣ нишонаҳои авлоду қабила, аломатҳои моликияти авлод, қабила, шахс (масалан, тамға, доғ), мўҳри устоҳо мебошанд. Ин аломатҳо ба ҳайвоноти хонаги, силоҳ, маснуоти сафолӣ ва ҳатто ба асирон гузошта мешуданд. Аломатҳои шартиро бисёр халқҳои имрўза, ки дар дараҷаи сохти авлодӣ қарор доранд, то ҳол истифода мебаранд.
Хати Авесто, дин-дабира, хати Занд хатест, ки тақрибан дар асрҳои 3–4 дар асоси хати паҳлавӣ ихтироъ гардида, барои сабти Авесто истифода шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ва анъанаи дини зардуштӣ Авесто пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ бо хати зарин рўи 12000 пўсти гов навишта шуда будааст. Вале маълум нест, ки Авесто ба кадом навъ хат китобат шуда буд. Фақат баъзе порчаҳо аз Авесто ва калимаҳои авестоӣ (мас., аз Пули дарунтаи наздикии ш.Кобул с. 1938 сангнавиште марбут ба номи шоҳи ҳинду Ашока дастрас шудааст) бо хати оромӣ маъмуланд.
Барқарор кардан ва таҳрирҳои нави авесто дар замони шоҳи портӣ Валахши 1 (ҳукмр. 51–78) эҳтимол ба хати портӣ, ки ба хати оромӣ асос ёфта буд, сурат гирифтааст. Хате, ки барои сабти Авесто дар асрҳои 3–4 ихтироъ карда шуд, нисбат ба хати портӣ ва хати паҳлавӣ мукаммалтар мебошад. Дар он 48 ҳарф ва 3 лигатура (ҳарфҳои васлшуда) мавҷуданд.
Чунон ки маълум аст, дар он давра забони Авесто матрук буд ва агар матнҳои Авесто ба хати паҳлавӣ сабт мегардид, хондани он басе душвориҳо пеш меовард. Ин хат барои дурусту беғалат хондани авесто ихтироъ кардашуд. Хати Авсето дар замони Сосониён «дин-дабира», яъне хат барои сабти матнҳои динӣ ном гирифтааст. Дар бобати бо «диндабира» навишта шудани Авесто Ибни Муқаффаъ ва муаррихи араб Масъудӣ (миқдори ҳарфҳои Хати Авесторо 60-то гуфтааст) дар асарҳои худ иттилоъ додаанд. Қадимтарин нусхаи маълуми дастнависи Авесто обо ин хат соли 1325 китобат шудааст. Транслитерацияи байналхалқии аломатҳои хати Авесто ба талаффузи порсҳо мувофиқат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор