Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ин ҳамсадоҳо аз тамдиди ду овози мустақил камтар аст ва аз ҳамин сабаб д) соҳибони забон онҳоро ҳамчун як фонема дарк мекунанд.
Аъзои аниқкунандаи ҷумла - аъзои ҷумла, ки ҳаҷми маънои дар аввал ифодаёфтаи калима, ибора ё ҷумларо маҳдуд менамояд: – Чаро лозим нест? – гуфт Мулло Хокироҳ, – Фоида, яъне рибо аст, рибо дар шариат бешак ҳаром аст… Имсол, ки соли қарздории туст, аз ғайри тани пул (сармояи аслӣ) ба ҳисоби фоидаи он аз Арбоб шаст танга қарздор шудаст! (С.А.). Дар ҷумла бештар ҳолҳои замон, макон, ибораҳои нав (наввожаҳо) аъзоҳои аниқкунанда, талаб мекунанд: Одина як соли дигар дар ин зиндони бало, яъне хизмати Арбоб Камол, дандон ба дандон монда истодагӣ кард (С.А.).
Аъзоҳои истисноии ҷумла - калима ва ибораҳое мебошанд, ки бо оҳанги махсус ба аъзоҳои ҷумла алоқаманд шуда, маънои онҳоро равшан мекунанд. Ин гуна калимаю ибораҳо ягон аъзои ҷумларо тавассути маълумоти иловагӣ эзоҳ медиҳанд: Дам ба дам боди сард мевазид ва барфтўдаҳои нишебӣ ва қуллаи кўҳро монанди хасу хасрўби парронида ба поён, сўйи ҷарӣ, канори рўд мебурд (Ҳ.К.). ҳамчунин ниг.: Баёнияи истисноӣ.
Аъзоҳои ҷумла - калимаҳои мустақилмаъно ё ибораҳое, ки муносибатҳои муайяни синтаксисиро ифода намуда, дар алоқаи муайяни синтаксисӣ низ қарор доранд. Ҳамчунин ниг.: Сараъзоҳои ҷумла. Аъзоҳои пайрави ҷумла.
Аъзоҳои морфологии ҷумла - аъзоҳои ҷумла, ки бо ин ё он ҳиссаи нутқ ифода ёфтаанд: 1. Мубтадои морфологӣ. Мубтадое, ки бо исм дар ифодаи шахс ё предмете ифода ёфтааст. 2. Хабари морфологӣ. Хабаре, ки бо шаклҳои шахсии феъл ифода шудааст. 3. Пуркунандаи морфологӣ.
Пуркунандае, ки боисмҳо ифода ёфтааст. 4. Муайянкунандаи морфологӣ.
Муайянкунандае, ки бо сифатҳо ифода ёфтааст. 5. Ҳоли морфологӣ.
Ҳолҳое, ки бо зарфҳо ифода шудаанд.
Аъзоҳои пайрави ҷумла - аъзоҳои пайрави ҷумла: муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол аз ҷиҳати маъно, вазифа, тарзи ифода ва воситаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё