Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ва «мизбон» мубтадо буда, «шумо», ва «ман» хабар аст, вале дар ҷумлаи дуюм баръакс. Вазифаи услубии тартиби калима он аст, ки бо иваз шудани ҷои аъзоҳо вазифаашон ҳам дигар намешавад, танҳо тобишҳои маъноӣ ва ҷиҳатҳои эмотсионалии онҳо тағйир меёбад. Дар нутқ ин ё он аъзои ҷумла таъкид ёфта, мавқеи муҳим пайдо мекунад ва бо ин васила диққати шунаванда ё хонандаро ба худ ҷалб мекунад. Ин хатро ба ту модарат, модари меҳрубонат… менависад (Ҳ.К.). – Гум кунед ин расму одатҳои сабилмондаатонро! (А.Д.). Дар нутқ тағйири ҷои аъзоҳои ҷумла на ҳамеша мувофиқи меъёри забони адабӣ воқеъ мегардад. Бинобар ин вайрон кардани тартиби калима дар дохили ҷумла вазифаи услубӣ надошта бошад, ё ба қоида ва меъёри забон мувофиқат накунад, боиси норавшанӣ ё духўрагии мазмуни ҷумла мешавад. Дар ин мисол, аз рўи тартиби калимаҳо «як» маънои номуайяниро (рўзе) ифода мекунад. Ҳол он ки мақсади нависанда чанд рўз давом кардани ҷанг аст. Бинобар ин «як рўз»-ро пас аз калимаи ҷанг оварда, ҷумларо ба тарзи «Ҷанг як рўз давом кард»… сар кардан лозим аст.
Услубиёти феъл. Феълҳо дар забони тоҷикӣ аз ҷиҳати боигарии маъно ва шаклу категорияҳои морфологӣ як системаи мураккабу мукаммалеро ташкил медиҳанд. Феълҳои забони тоҷикӣ мафҳуми амал, ҳаракат ва ҳолатро аксар образнок, муболиғаомез ва пуробуранг ифода мекунанд: Фасли хазон буд. Аммо имсол бориш ноз мекард… Ин наҳри девона монанди одами сил базўр роҳ мепаймуд. Мор барин борик шуда, маствор худро ба ҳар тараф зада, калавида, шаттаи сангҳоро хўрда, базўр нафас кашида мехазид (Ҳ.К.). Дар ифодаи баъзе мафҳумҳои амалу ҳолат дар забони тоҷикӣ шаклҳои гуногуни феълҳо истифода бурда мешавад.
Чунончи, дар баробари феълҳои содаи завқидан, номидан, хандидан, рақсидан феълҳои таркибии завқ кардан, нола кардан, ханда кардан, рақс кардан вуҷуд доранд, ки чун вариант – гунаи ҳамдигар кор фармуда мешаванд. Феъли завқидан дар забони адабӣ-китобӣ маъмул бошад, завқ кардан бештар дар гуфтугў истифода мешавад. Дар сохти феълҳо намудҳои гуногун мушоҳида карда мешавад: мебардорам-бармедорам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор