Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мекунанд. Пешояндҳои таркибии ба сўи, дар бобати, ба туфайли бештар дар услуби хаттӣ, пешояндҳои худи, кати//қати дар гуфтугў маъмуланд.
Дар забони тоҷикӣ пешояндҳои ҷуфти ҳаммаъно мавҷуданд, ки яке хоси услуби китобӣ буда, дигаре хоси забони зинда ва ё хусусияти умумиистеъмолӣ доранд: ҷуз, ба ҷуз, ғайри, ғайр аз, баҳри – барои, қабл аз
– пеш аз. Дар аъзоҳои чидаи ҷумла барои таъкиди фикр пешоянд ё пасояндҳо такроран оварда мешаванд: Ин бозӣ ҳам ба Шодӣ, ҳам ба Соро ва ҳам ба худи бузғола бисёр хуш омад; Ман рўи туро, мўи туро, бўи туро дўст медорам, ман чашми туро, чашми бехашми туро, суми чун яшми туро дўст медорам (С.А.).
Услубиёти синонимҳо. Калимаҳои ҳаммаъно аз ҷиҳати таносуби услубӣ фарқ дошта, аммо дар мавридҳои дигар шабеҳи якдигаранд.
Чунончи, аср, қарн, сада; нағз, хуб, нек; хеле, басо, бағоят ва амсоли инҳо.
Дар байни қисме аз калимаҳои синонимии наздикмаъно тафовути бештар, дар миёни ҳиссаи дигари онҳо фарқи андаке мушоҳида мешавад. Феълҳои гирифтан, ситонидан, рабудан ҳарчанд аз лиҳози маънои умуми ахз кардан, ба даст даровардани чизе ба ҳам монанданд, дар баёни ҷузъиёти ин маънӣ миёни онҳо тафовути нозуке ҷо дорад: гирифтан маънои мазкурро ба тариқи муқаррарӣ ифода менамояд. Аммо ситонидан на гирифтани одӣ, балки зўран гирифтан, кашида гирифтан ва рабудан, зуд, чолокона гирифтанро мефаҳмонад: Алимардонбек андеша мекард,ки ба чӣ андоза корчаллони ҳунарманд будани худро чӣ гуна ва ба чӣ роҳ пеши хўҷаин исбот кунад, то барои хизмате, ки баъд аз ин ба хўҷаин карданист, хизматонаи дуруст ситонида тавонад. Одами қозӣ аз пушти ин шахс расида, бо як чанг задан таппончаро аз дасташ рабуд (С.А.).
Услубиёти тартиби калима дар ҷумла. Дар забони тоҷикӣ ҷои аъзоҳои ҷумла нисбатан муқаррар аст. Бо вуҷуди ин тартиби калима вазифаи муайяни грамматикӣ, ё услубиро адо мекунад. Агар бо тағйири ҷои аъзоҳо вазифаи синтаксисиашон ҳам тағйир ёбад, вазифаи грамматикии тартиби калима шуморида мешавад: Меҳмон – шумо, мизбон – ман. Шумо – меҳмон, ман – мизбон. Дар ҷумлаи аввал «меҳмон»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор