Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Атласи диалектологӣ (атласи лингвистӣ) – маҷмўи муназзаму мураттаби харитаи диалектологии (шевашиносии) минтақаи муайяне, ки интишори хосиятҳои (хусусиятҳои) диалектологии як ё якчанд забонҳои ҳамҷаворро нишон медиҳад. Бештарини атласҳои диалектологии минтақавию миллӣ таҳқиқи масъалаҳои ҳамзамонӣ, таснифоти шеваю лаҳҷаҳо, равандҳои муосир ё дарзамонии (дихронии) ин ё он минтақаи забониро инъикос менамоянд. Чигунагии барномаҳо (саволнома, пурсишнома), ки мутобиқи он мавод ба даст оварда мешавад, принсипҳои нақшбардорӣ, масъалагузорӣ, ҳаҷму андоза ва имкониятҳои амалӣ муайян карда мешаванд. Барнома ҳама ё яке аз қабатҳои забон (луғатшиносӣ; фонетика)-ро дар бар гирифта метавонад. Ба вуҷуд овардани атласи диалектологӣ марҳалаи муҳими инкишофи шевашиносии ҳар як забони миллӣ буда, барои таҳқиқу омўзиши ҷиҳатҳои гуногуни забон тавассути методҳои забоншиносии ҷуғрофӣ замина фароҳам меоварад.
Атласи забоншиносӣ – 1) ниг.: атласи диалектологӣ; 2) атласи овозҳои нутқ – албоми нақшаҳое, ки иштироки узвҳои овозсозро ҳангоми тавлиду талаффузи овозҳои нутқи ин ё он забон тасвир мекунад.
Атрибут (аз лот. Attributum – изофа кардан, нисбат додан).
Ҳамчунин Ниг.: Муайянкунанда.
Афазия (юн. aphasia, аз а. пешванди инкорӣ ва phasis – гуфтор) – ихтилоли нутқие, ки бо иллати нимкураи чапи майнаи сар ба вуҷуд меояд.
Яъне А. яке аз намудҳои ихтилоли нутқ аст, ки дар набудани алоқа (ассосиятсия) дар байни ифода ва мазмуни воҳидҳои забонӣ зоҳир мешавад.
Аффикс (аз лот. affixus – бастан, насб кардан) – морфемаи ёрирасон, унсури хурдтарини сохтумонии забон, ки ба решаи калима ҳамроҳ шуда, ё шакли онро тағйир медиҳад, ё калимаҳои нав месозад. Аффиксҳо воситаи муҳимтарини ифодаи маъноҳои дастурию калимасозианд.
Аффиксҳо нисбат ба реша – дар аввал, мобайн ва охири калима омада, номҳои гуногун мегиранд: префикс (пешванд), суффикс (пасванд), инфикс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё