Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба таркиби луғавӣ дохил мешавад ва дар калимасозии исмҳои мураккаб А.-и рехта нисбат ба А.-и сохта мустаъмалтар аст.
Асосҳои феъл. Феъл ду асос дорад: асоси замони ҳозира ва асоси замони гузашта. Ҳамаи шаклҳои феълии забони тоҷикӣ аз ҳамин ду асос сохта мешаванд. Асоси замони ҳозира бо шахси дуюми танҳои феъли фармоиш (сиғаи амрӣ) баробар буда, амалеро мефаҳмонад, ки ба замони ҳозира ва ё бештар ба замони оянда далолат мекунад: рав, бин, соз, хон, гўй. Шаклҳои замони ҳозира-ояндаи сиғаи хабарӣ (меравам, мехонам), аорист (равам, хонам), феъли фармоиш (хон, гир), сифати феълии замони ҳозира: раванда, шунаванда ва феъли ҳол (дав-давон) аз ҳамин асос сохта мешаванд. Асоси замони гузашта амали дар гузашта воқеъшударо мефаҳмонад ва бо шахси сеюми танҳои замони гузаштаи феъл баробар аст: гуфт, рафт, хонд. Шаклҳои гуногуни замони гузашта, гузаштаи нақлӣ, сифати феълии замони гузашта ва оянда аз асоси замони гузашта сохта мешаванд: рафтам, мерафтам, хоҳам рафт, омадааст.
Аспектология (аз лот. Aspectus – намуди зоҳирӣ, симо ва аз юн. Lagos
– калима, таълимот) – як фасли грамматика, ки намуди феъл (аспект) ва ҳамаи хусусиятҳои аспектуалӣ, яъне соҳаҳои аспектология: намудҳо ва маъниҳои ба он алоқамандро, ки дар забон бо роҳҳои гуногун ифода меёбанд, меомўзад.
Ассимилятсия (аз лотинии assimilation – шабоҳат, монанд) – яке аз намудҳои интишорёфтаи тағйироти мувофиқати (комбинатории) овозҳои нутқ: монандшавии овозҳо дар ҷараёни нутқ. Монандшавии овозҳои нутқ баръакси падидаи мувофиқати ҳамтавлидӣ дар байни як категорияи овозҳо мушоҳида мешавад. Ҳодисаи аз ягон ҷиҳат ё комилан ба ҳамдигар монанд шудани овозҳои нутқро монандшавии фонемаҳо мегўянд.
Масалан, дар калимаҳои шанбе, занбўр, занбар дар таркиби овозии [нб] ҳамсадои лаҳнии [б] аз ҷиҳати махраҷи кори узви овозсоз ба ҳамсадои [б] монанд мешавад. Ин ду ҳамсадо бо узвҳои гуногун – аввалӣ ба воситаи лабҳо ва дуюмӣ ба воситаи нўги забон сохта мешаванд. Аммо дар ҳамнишинӣ ҳамсадои [б] ҳамсадои [н]-ро аз ҷиҳати кори узви овозсоз

пешина
аз 389
навбатӣ