Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

А. маъмулан барои бо мазмуну мундариҷаи асари чопшуда шинос намудани хонандагон ва ё бо мақсади ба муҳокима пешниҳод намудани асари ба чоп тавсияшаванда навишта мешавад.
Антитеза (юн. antithesis – зиддият, муқобилгузорӣ). Як тарзи услубӣ, ки дар он мафҳумҳо, фикрҳо ва ё образҳои зид бо ҳам муқоиса карда мешаванд. А. таъсири эҳсосию эмотсионалии нутқро пурзўр намуда, андешаю фикри муайянро махсус таъкид менамояд. Ҳамчунин А. тарзи ифодаи услубие, ки бо роҳи муқобилгузории мафҳумҳо, андешаҳо, образҳо мақсади аввал пурқувват карда мешавад: Буда доно – нобуда нодон. Чунин тарзи ифода бештар дар заминаи ифодаҳои антоналӣ ба вуҷуд меояд: Падар ба ин дараҷа разил, духтар ба ин дараҷа поквиҷдон ва ҳалим; падар ба ин дараҷа бераҳм, духтар ба ин дараҷа ғамхор ва раҳмдил?! (Ҷ.И.).
Антифразис (юн. anti – зид, муқобил ва frazis – ибора). Хилофу зидди ибора, калима. Истифодаи калима, ибора дар маънои муқобил ва маҷозиаш. А. одатан дар нутқу суханрониҳои киноявӣ ва рамзӣ зоҳир мегардад.
Антонимия. Навъи муносибатҳои маъноии воҳидҳои луғавӣ, ки дорои маъноҳои муқобилу гуногунанд. Антонимия ҳамчун категорияи луғавию маъноии низоми забон яке аз хусусиятҳои ҷомеъи забон мебошад. Вай ба ҳамаи забонҳо хос буда, воҳидҳои он дорои хосияти сохтори умумии муқобилмаъно дар таснифоти семантикии калимаҳои зидмаъно – антонимҳо мебошад.
Антонимияи воҳидҳои фразеологӣ. Боҳамзидшавии маъноҳои ҷудогонаи як воҳиди фразеологӣ, ё ду ва зиёда ифодаҳои рехтаи гуногун падидаи антонимияи фразеологиро ба вуҷуд меорад. Хусусияти ин навъ фразеологизмҳо ифодаи маъноҳои ҳамдигар мебошад. Масалан, ибораи «баҳо доштан» ду маънои ба ҳам зидро ифода мекунад: 1) бебаҳо будан; ивазнашаванда, аълодараҷа будан ва 2) арзише надоштан, беҳудаю нолозим будан. Ибораҳои «ҷон бахшидан» ва «аз худ рафтан» маъноҳои пурраи антонимиро ифода накунанд ҳам, зиддияти маъноҳои гуногуни

пешина
аз 389
навбатӣ