Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рўи аналогия калимаи ҷавоб, шумораи миқдории шонздаҳ аз рўйи аналогияи понздаҳ пайдо шудааст. Баъзан аз рўйи аналогияи номҳои занонаи таърихии Манижа, Рудоба, Таҳмина солҳои охир як силсила номҳои занонаи сунъӣ сохтаанд, ки хилофи меъёри номсозии забони тоҷикист: Анор(а), Баҳор(а), Гулнор(а), Маҳин(а), Наргиса, Нигора, Шаҳноза, Парвона.
Анафора (юн. Anaphora – ба боло баровардан) такрори айни як калима ё таркиб дар авали байт, қитъа ё порчаи насрӣ. Шоир барои пуртаъсир баён намудани ҳаяҷону ҳиссиёти худ ибораҳои баргузида ё калимаҳои ҷудогонаро такрор мекунад:
Нагўям ман на аз ҷодугаронаш,
На аз чашмони тарсодухтаронаш.
На аз осорҳои мармаринаш,
На аз мумтозҳои нозанинаш.
На аз раққосаи товусхиромаш,
На аз овозхони хушкаломаш… (М.Т.).
Анвои ҷумлаҳои пайрав. Ҷумлаҳои пайрав мутобиқан бо аъзои ҷумла ба хелҳои мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол гурўҳбандӣ мешавад. Ҷумлаи пайрави ҳол дорои хелҳои тарз, монандӣ, миқдору дараҷа, замону макон, сабабу мақсад, шарту хилоф ва мутобиқат аст. Ҷумлаҳои пайрав аз лиҳози саҳмашон дар сохтори грамматикии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва дараҷаи истеъмолашон дар якпоя қарор нагирифтаанд. Ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, ҳоли тарз, миқдору дараҷа дар шарҳу тафсири сарҷумла саҳми бештар доранд. Хелҳои дигари ҷумлаҳои пайрав дар сохтори синтаксисии ҷумлаи мураккаби тобеъ нақшу саҳми муҳимтару бештаре доранд.
Аннотатсия (лот. annotation - қайд). Як навъи тақриз ва китобиёт буда, шарҳи мухтасари мазмуни асари бадеӣ, таҳқиқотӣ, рисола, мақола, дастнависро дар бар мегирад. Дар А. тавсифи мухтасари асар аз ҷиҳати ғоявӣ, мундариҷа, мавзўъ дида мешавад. А., одатан. Хусусияти интиқодӣ дорад. А. навъҳои гуногунро дорад: тавсиявӣ ё тавсифӣ; умумӣ ё махсус.

пешина
аз 389
навбатӣ