Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷавонон. Аз юнонии limon «ҳавз», «кўл» ва onim – номи ҳавзу кўлҳо таркиб ёфтааст. Кўли Сарез, Ҳавзи Боҳасан (Панҷакент).
Луғат (фарҳанг, қомус). 1. Маҷмўи калимаҳои ин ё он забон, диалекти минтақавӣ ё иҷтимоӣ; ҳамон қисми таркиби луғавии забон, ки забони ин ё он нависандаро фарқ мекунонад. 2. Китобе, ки тасвири мураттабу муназзами луғатро дарбар мегирад. Луғати академӣ. Луғати идиомаҳо. Луғати калимаҳои хориҷӣ. Луғати бисёрзабона. Луғати меъёрӣ.
Луғати имло. Луғати орфоэпӣ. Луғати соҳавӣ. Луғати синонимҳо. Луғати терминологӣ. Луғати забони нависанда. Луғати дузабона. Луғати тарҷумавӣ, ки дузабонро муқоиса мекунад. Луғати шевагӣ. Луғати тафсирие, ки калимаҳои хоси ин ё он шеваро шарҳу эзоҳ медиҳад. Луғати якзабона. Луғате, ки тамоми иттилоотро тавассути воситаҳои ин ё он забон шарҳ медиҳад. Луғати паремиологӣ. Луғати зарбулмасалу мақолҳо.
Луғати тарҷумавӣ (луғати бисёрзабона). Луғате, ки дар он маводи ду ва зиёда забонро муқоиса карда мешавад. Луғати тафсирӣ. Луғати якзабонае, ки дар он системаи маъноҳои имрўз мустаъмали калимаҳо бо мавқеи истеъмол ва доираи ҳамнишиниҳояшон шарҳ дода мешавад. Луғати филологӣ. Луғате, ки ҳадафаш дар тафовут аз луғати энсиклопедӣ шарҳу тафсири миқдори муайяни калимаҳост. Луғатҳои тарҷумавӣ, шевагӣ, этимологӣ, таълимӣ, синонимҳо, омонимҳо, антонимҳо, имло, фразеологӣ, мактабӣ ва м.и. луғатҳои филологианд.
Луғати антонимҳо. Калимаҳои зидмаъно (антонимӣ) дар ин гуна луғатҳо мувофиқи меъёри забони адабӣ ва меъёри ягонаи луғатнависӣ оварда мешаванд. Калимаҳои антонимиро аз рўйи тартиби алифбо меоранд. Дар чунин ҷуфтҳои антонимӣ маъмулан калимаҳои дорои маънои мусбатро дар аввал меоранд: дароз-кўтоҳ, доно-нодон, гармхунук, дўст-душман, рост-дурўғ. Дар забоншиносии тоҷик луғати нахустини антонимҳоро соли 2011 Ҳ.Талбакова таҳия ва чоп намудааст.
Луғати басомад (чандомад) – луғатест, ки басомади воҳидҳои луғавии ин ё он забонро дар сарчашмаи муайян ва ё дар марҳалаҳои муайяни таърихи дар шакли микдори истифодаи ҳар як воҳиди луғавӣ дар

пешина
аз 389
навбатӣ