Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Лексика мавзўи омўзиши лексикология (вожашиносӣ), семасиология ва ономасиология мебошад. Лексика мустақиму ғайримустақим воқеиятро инъикос менамояд. Таркиби луғавии забони тоҷикӣ бо таърихи халқи тоҷик, бо шароити зиндагии вай, қатъи назар аз он ки маънои мушаххас ё муҷаррад, якмаъноанд ё вожаҳои умумианд ё маҳдудистеъмол, истилоҳанд ё вожаҳои муассир, кўҳнашуда ё наввожа ба таркиби луғавии он дохил мешаванд. Қисми устувори лексикаи забон фонди асосии луғавиро ташкил медиҳад. Манбаи фонди асосии луғавӣ аз калимаҳои решагӣ иборат аст. Калимаҳои решагӣ барои сохтани калимаҳои нав, барои тавлиди калимаю маъноҳои муштақ сарчашмаи асосианд. Сар, чашм, пой, даст, лаб, забон, санг, замин, осмон, нон, орд, асп, кор, роҳ, сафед, сиёҳ,сурх,калон, рафт, омад, дарав, шудгор, кам, пеш, пур, пок ва м.и. вожаҳоеанд, ки дар хазинаи фонди асосии забони умумихалқии тоҷикӣ муддати тўлонӣ дар истеъмол буда, устувору барқарор мондаанд ва барои сохтани воҳидҳои луғавии нав истифода шудаанд: Чунончи, аз калимаи сар калимаҳои зиёди сохтаю мураккабу таркибӣ сохта шудаанд:
сарак, ҳамсар, сарафроз, сарафшон, сарахбор, сарбаланд (-она, -ӣ),сарбоз, сарнагун, саргаранг, саргардон, саргарм, саргум, сардаст, сардевор, сардор, саркарда, саркаш, саркор, саркотиб, саркўб, сарлашкар, сарлуч, сармаст, сармуҳаррир, сарнагун, сарозер, сарпаноҳ, сарпараст, сарпой, сарпўш, сарсабз, сарсахт, сарсўзан, сартарош, сархам, сархор, сархуш, сархўр, саршор, саршумор, сарҳон,сарҷилав, сарҷунбон(-ӣ).
Лексикализатсия. Ба калимаҳои мустақилмаънои устувор табдил ёфтани ибораҳое, ки дар забон чун муодили калима истифода мешаванд:
маргимуш (як нав дору), мардикор, Ҳуснигул, Бедаки Боло (номи деҳа); рўзи меҳнат, Майдони Сурх, Майдони Ғалаба.
Лексикография (ниг.: луғатнигорӣ).
Лесикология. (ниг.: вожашиносӣ).
Лимноним – навъи гидронимҳо буда, номи кўл ва ҳавзҳоро ифода мекунад: Кўли комсомол, Кўли Сарез, Искандаркўл, Шўркўл, Кўли

пешина
аз 389
навбатӣ