Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Аломат (аз арабии علامة – нишона, тамға) - предмети моддӣ (зуҳурот, воқеа), ки ба сифати ифодаи предмети дигар, хосият ё таносуби он хизмат намуда, барои пайдо кардан, маҳфуз доштан, такмил ва интиқоли маълумот (ахборот, дониш) ба кор бурда мешавад. Аломатҳо маъмулан ба аломатҳои забонию аломатҳои ғайризабонӣ ҷудо мешаванд. Аломати забонӣ хусусияти муҳиму асосии калима, принсипи дусатҳии созмони ифодашавандаи он аст: шакли ифодаи ҳама гуна аломати калимагӣ аз фонемаҳо иборат аст. Забон ҳамчун системаи мураккаби аломатҳо бо дукаратии ифодаи маънои воҳидҳояш фарқ мекунад, ки аввал дар системаи воситаҳои муҳиму фарқкунанда-аломатҳои предметҳою падидаҳо ва дубора дар нутқ ташаккул меёбад. Ҳамагуна аломати забонӣ ба ду аломати сохтории забони инсонӣ – парадигматикӣ ва синтагматикӣ тобеъ аст.
Аломати забонӣ – эҷоди моддию идеалии воҳиди дуҷонибаи забон аст, ки предмет, хосият, муносибати воқеиятро ифода менамояд. Дар маҷмўъ аломати забонӣ системаи махсуси аломат – забонро ба вуҷуд меорад. Аломати забонӣ ваҳдати ифодашаванда ва ифодакунанда мебошад. Хусусияти дуҷонибаи аломати забонӣ ягонагии устувореро ташкил медиҳад, ки тавассути шакли дарки эҳсосот, яъне ҷиҳати моддии он арзиши иҷтимоӣ пайдо менамояд. Ду ҷиҳати аломати забонӣ вобастагии ногусастанӣ дошта бошанд ҳам, тобеи қонуни номутаносубӣ ва ё ассиметрия дар забонанд. Калима намунаи маъмулу барҷастаи аломати забонист, зеро дарки инсонӣ ва образи шинохти ашё (предмет) бо амалия ва натоиҷи тафаккури наслҳои гузашта дар калимаҳо инъикос ёфтаанд. Хусусияти муҳими аломати калимагӣ принсипи дусатҳии сохтмони ифодакунандаи он аст: шакли ифодаи ҳама гуна аломати калимагӣ аз фонемаҳо иборат аст, ки воҳиди якҷонибаи ифода буда, дар ҳар забон теъдоди маҳдуде дорад. Аломати забонӣ аз сигналу рамз фарқ мекунад. Он намуди асосии мувосилот ва иттилоот мебошад. Аломати забонӣ, аз ҷумла калимаю ҷумла ҳам дарк карда мешаванд ва ҳам ахбореро ифода мекунанд. Аломат 1. Нишон; предметест, ки тавассути он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё