Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ягон чиз ифода карда мешавад. Масалан, аломатҳои китобат чун графикаю имло воситаи асосии забонӣ овозианд ва вазифаи онҳо таҷзия ва созмони графики матни хаттист. Аломатҳои забонӣ аз системаи аломатҳои дигар фарқ мекунанд: 1. Системаи аломатҳои дигар иттилооти маҳдуд ва ахбори маълумро ифода мекунанд. Аломатҳои забон умумӣ буда, на танҳо воситаи хабаррасон ва хабарнигаҳдоранда, балки воситаи ба вуҷудоранда ва башакл дарорандаи фикру андеша ва муносибатҳои эҳсосию рўҳиявӣ мебошанд. 2. Аломатҳои забон умумиистеъмолианд, доираи истифодаи аломатҳои дигар маҳдуд аст. 3. Аломатҳои дигар сунъию сохтаанд. Аломатҳои забон чунин хусусият надоранд.
Аломати диактрикӣ (юн. diakritikos - тафовуткунанда) – нишон – аломати ҳарфе, ки ба тариқи дигар хондани онро нишон медиҳад. Ду нуқтае, ки дар болои ҳарфи «е» гузошта мешавад, аломати тафовуткунанда (диакритикӣ) аст.
Аломати номуайянӣ (ё артикли -е). Номуайянӣ яке аз аломатҳои морфологии исм аст, ки бештар ба воситаи артикли -е ифода меёбад. 1.
Артикли -е ин ё он калимаро аз байни анбўҳи ҳамҷинсонаш ҷудо менамояд: Аз ин кўча одаме гузаштааст. 2. Ин артикл аломати дастурии номуайянии исмҳо мебошад: Ман ҳам он вақтҳо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам (С.А.). 3. Илова бар ин ягонагии предметро ҳам далолат мекунад:
Дўст медорад ў ҷавонеро,
Писари хубу қаҳрамонеро. (М.Т.).
4. Дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ ба пайрави муайянкунанда аз ҷиҳати дастурӣ вазифаи ишораҷонишинҳоро иҷро мекунад: Одаме, ки дирўз бо мо сўҳбат карда буд, Қодир ном доштааст. 5. Артикли -е хусусияти таъкидӣ низ дорад: Дар ҳавлии Арбоб тўи калоне барпо шуд…
(С.А.).
Аломати савол. Аломати савол дар охири ҷумлаи саволӣ гузошта мешавад: – Барои чӣ росту дурўғ будааст? Ба фоли ҷўгӣ бовар мекунеду гапи мо дурўғ шуд? (Ф.М.). Пурсиш дар қолаби ҷумлаи мураккаб низ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё