Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гардидани мубтадо хабар аз рўи шумора ба мубтадо мувофиқат намекунад: Дарҳо кушода шуд. Хона ва чизу чора бесоҳиб монд.
Алоқаи ҳамроҳӣ. Воситаи маъмули алоқаи байни калимаҳои ибораю ҷумла, ки тавассути тартиби калима, муайянкунандаҳо ва баёнияҳои беизофа ба муайяншаванда, аъзоҳои истисноӣ ба аъзои асосӣ, ҳолу пуркунандаҳои бевоситаи суратнаёфта ба эзоҳшаванда тобеъ мешаванд:
ин одам, ду нафар шогирд, шоир Турсунзода, андак дертар, хона рўфтан, чил духтарон, се бародарон.
Алоқаи пайваст. Калимаҳо бо ҳам бо ду навъи алоқа: пайваст ва тобеъ алоқаманд мешаванд. Бо алоқаи пайваст, ки воситааш пайвандакҳои пайвасткунанда ва интонатсияи пайваст аст, аъзоҳои чидаи ҷумла бо ҳам муносибати синтаксисӣ пайдо мекунанд: Не, лозим шавад, аз чўпонҳо, подабонҳо ё дигар одамони раҳакӣ мепурсам (С.У.) Алоқаи пешояндию пасояндӣ. Баъзан дар алоқаманд кардани як калима бо калимаи дигар ҳам пешоянд ва ҳам пасоянд иштирок мекунад.
дар чунин мавридҳо саҳми пешоянд бештар аст. Ба вазифаи пасоянд калимаҳое меоянд, ки маънои луғавии худро батамом гум накардаанд, аз ҷумла вожаҳои инҷониб, интараф, боз, дида, шуда, гирифта: Ман аз ҳафтсолагиам боз кор карда омадам (С.А.). Дар назари одами пир аз ҷавонон дида пул ширинтар аст. Ин тарзи ифода то андозае оҳанги гуфтугўӣ дорад.
Алоқаи синтаксисӣ. Алоқае, ки барои ифодаи робитаи дуҷонибаи унсурҳои ибораю ҷумла хизмат мекунад. Ниг.: алоқаи тобеъ, алоқаи пайваст.
Алоқаи тобеъ. Муносибати байни калимаҳои ибора ва ҷумла, инчунин байни қисмати предикативии ҷумлаи мураккаб, ки дар нобаробарии синтаксисии унсурҳои ҳамнисбат ифода меёбад. Намудҳои асосии тобеият дар ибораю ҷумла мувофиқат, вобастагӣ ва ҳамроҳист:
навиштани мактуб, талабаи боистеъдод, ба хона бозгаштан (баргаштан).
Дар ин навъи алоқа як калима асосӣ буда, калимаи дигар ба он аз ҷиҳати дастурӣ тобеъ буда, онро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ медиҳад.

пешина
аз 389
навбатӣ