Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ифодаҳои идиоматикианд. Ифодаҳои идиоматикӣ дар заминаи образҳои гуногун ба вуҷуд омада, воҳидҳои фардии забонро ташкил медиҳанд.
Ифодаҳои идиоматикии фақат ба тоҷикон хос ба забонҳои дигар айнан тарҷума намешаванд. Мутарҷим бояд ифодаҳои ҳамвазну ҳаммаънои онҳоро дар забонҳои тарҷумашаванда пайдо кунад.
Идиоматика. 1. Маҷмўи идиомаҳои забони тадқиқшаванда. 2.
Қисми забоншиносӣ, ки ифодаҳои идиоматикиро меомўзад.
Идо (анг. ido). Забони сохтаи байналхалқӣ, ки соли 1907 аз тарафи франсуз Лун де Бофрон чун варианти мантиқан комили эсперанто пешниҳод шуда буд.
Иероглиф (англ. hieroglyph – хат, навиштаҷоти муқаддас).
Аломатҳои шаклӣ, хаттӣ, ки аз ҳазорсолаи чоруми то эраи мо дар хати Юнони қадим вуҷуд дошт. Ин аломатҳо баъдтар барои ифодаи маъноҳои яклухти калима ё ҳиҷоҳои ҷудогона (мас., дар хатҳои хитоӣ, хетӣ, юнонӣ) истифода мешуданд. Ҳоло иероглифҳо ҳамчун аломатҳои хати идеографаи хитоӣ (чинӣ) маъмуланд.
Изоглосса (англ. isoglottic). Хате, ки дар харитаҳои лингвистӣ ҳудуд ва марзаи интишори ин ё он падидаи забониро нишон медиҳад.
Изофат (ар. اضافه) – иловакардашуда), бандаки изофӣ, яке аз воситаҳои асосии грамматикии алоқаи калимаҳо – ҷузъҳои ибора (махсусан ибораи изофӣ). Бандаки изофии -и таърихан аз ҷонишини ишоратию нисбии -hya пайдо шудааст. Изофат садонокест, ки ба калима якҷоя омада, маънои луғавӣ надорад ва задаи калимагӣ ҳам қабул намекунанд. Изофат ду ва зиёда калимаҳоро ба ҳам алоқаманд карда, ибораи изофиро ташкил медиҳад, ки хусусияти атрибутивӣ (муайянкунандагӣ) дорад. Дар таркиби ибораҳои озод вазифаи асосии изофат алоқаманд кардани калимаҳо ва ифодаи муносибати грамматикие мебошад, ки дар натиҷаи алоқаи синтаксисии ин калимаҳо пайдо шудааст:
гули сурх, ҷавони серғайрат, дили беқарор. Ибора инчунин пешоянди муштақро бо ҳиссаи номии нутқ мебандад, дар ташкили воҳидҳои фразеологӣ, дар сохтани калимаҳои мураккабу таркибӣ ва барои

пешина
аз 389
навбатӣ