Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шуморагӣ бештар бо ёрии алоқаи вобастагӣ сохта мешаванд. Ба сифати ҷузъи асосӣ ҳамаи хелҳои шумора ва ба сифати ҷузъи тобеъ исм, ҷонишин ва шумораи асосӣ меоянд. Робитаю алоқаи наҳвӣ бештар бо ёрии пешояндҳои аслии аз, ба, дар сурат мегирад: Дониш … гоҳо якто-дуто аз онҳо канда бо худ мебурд (Р.Ҳодизода); Дар натиҷаи вайронкориҳои босмачиёни тороҷгар киштукори мамлакатамон аз сад шаст монда буд
(С.А.).
Идғом – мубаддалшавии овози ҳамсадо (дар хат ҳарф) ба овози ҳамсадои ҳамҷинс – ҳаммахраҷи худ, ки бештар боиси ҳазфи ҳамсадои аввал мегардад (бадтар-батар) ё ки дар калимаҳои сохтаю мураккаб яке аз ҳамсадоҳои якхелаи паиҳамомадаро наменависанд, ки сабаби ташдид гирифтани ҳамсадо мегардад. Масалан, калимаи фаррух аз калимаҳои фар, рух сохта шудааст, лекин дар имлои арабӣ як овози р фурўгузор мешавад:
Шаби тирагун батар з-ин кунад,
Базери сар аз мушк болин кунад (Фирдавсӣ).
Идеограмма (аз юн. idea – идея –фикр, андеша, мафҳум ва gramma – хат, ҳарф, навишт) – аломати хаттие, ки дар қиёси ҳарф, овоз ё ҳиҷои ин ё он забонро ифода накарда, калимаи яклухт ё решаро ифода мекунад.
Истилоҳи «логограмма» низ ҳамин маъниро дорост. Идеограмма дар системаи хати идеографӣ истифода мешавад ва нақшу тасвирҳоест, ки мафҳумҳои мушаххасу предметҳо ва мафҳумҳои феълиро баён мекунад.
Идеоним – гурўҳи онимҳо буда, бо ин истилоҳ шартан гурўҳе аз исмҳои хос, аз ҷумла артионим, библионим, гемероним, геортоним, документоним, поэтоним, хроконим ифода меёбанд.
Идиомаҳо (юн. Idioma – ифода, ибора). Аз рўи ифодаи маъно идиомаҳо, ё худ ифодаҳои идиоматикӣ чунин воҳидҳои фразеологии махсуси забонамонро ташкил медиҳанд, ки бо мазмуну маънои яклухту пуробуранг ва сохтори ба қисмҳо ҷудонопазири худ ба калимаҳо шабоҳат доранд. Чунончи, ифодаи «гули сари сабад» (азиз, сара), «ҳарчи бодо бод»
(таваккал), нури дида (фарзанд), бачашм расидан (намудор шудан)

пешина
аз 389
навбатӣ