Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ибораи зарфӣ. Зарф низ чун ҳиссаи мустақили нутқ калимаҳои дигарро ба худ тобеъ намуда, ибора месозад. Ибораҳои зарфӣ бо ёрии ду навъи алоқаи грамматикӣ – вобастагӣ ва ҳамроҳӣ сохта мешаванд. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ бештар зарфҳои миқдору дараҷа, андоза, замону макон омада, ба сифати ҷузъи тобеъ исм, ҷонишин, шумора, зарф меояд.
Ҷузъи тобеъ ҳам пеш аз ҷузъи асосӣ ва ҳам баъди он меояд: Рафиқи ҳамхонаи ў аз Сафар барвақттар омада хобида буд (Ф.Н.). Аз вай поёнтар кўталҳои пасту баланд аз дур сабзагул метофтанд (Ҷ.И.).
Ибораи исмӣ бо исм. Ин гуна ибораҳо дар забони тоҷикӣ хеле зиёданд. Ҷузъи тобеъ бо алоқаҳои изофӣ, ҳамроҳӣ, вобастагӣ ба калимаи асосӣ тобеъ мегардад. Ин гуна ибораҳо соҳибият (китоби омўзгор, хонаи Алӣ), муносибати касбу ҳунар ва унвон (Раҳими зинсоз, Аҳмадҷони машкоб, профессор Воҳид Асрорӣ); муносибати замону макон (фасли баҳор, себи Ғарм); муносибати субъект (хониши булбул, гуфтугўи дўстон); муносибати ҳолиро (сатили об дар даст, фаранҷи барсар) ифода мекунанд.
Ибораи исмӣ бо сифат. Сифат бо ду навъи алоқа – изофӣ ва ҳамроҳӣ ба исм тобеъ мегардад. Сифатҳои аслӣ исмро аз ҷиҳати ранг, бўй, маза, ҳаҷму шакл, андоза эзоҳ медиҳанд: гули сурх, себи ширин, кўчаи танг, иморати баланд, баландтарин қулла, бечора Одина. Сифатҳои нисбӣ аломати предметро бо роҳи нисбат додан ба предмети дигар нишон медиҳанд: марди бистсола, шўъбаи рўзона, гандуми тирамоҳӣ, асари бадеӣ, китоби дарсӣ.
Ибораи исмӣ бо шумора (даҳ китоб, чор соат, соати даҳ, соли сиюм), бо ҷонишин (хонаи ман, ҷудоӣ аз ў), бо сифати феълӣ (гули бишкуфта), бо масдар (вақти рафтан, орзуи хондан), бо зарф (хеле солҳо) низ омада метавонанд.
Ибораи исмӣ. Дар ибораҳои исмӣ калимаи асосӣ исм буда, онро калимаҳои дигар бо ёрии алоқаҳои гуногуни грамматикӣ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Исм пеш аз ҳама сифатро ба худ тобеъ намуда, ибора месозад.
Ибораи ҷонишинӣ. Дар ибораҳои ҷонишинӣ калимаи асосӣ ҷонишин буда, онро калимаҳои дигар шарҳу эзоҳ медиҳанд. Ба сифати ҷузъи тобеъ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо