Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

И
Ибдол (ниг.: метатеза).
Ибора. Ибора воҳиди номинатвии забон буда, аз калимаю таркибҳои маънодор бо алоқаҳои тобеии изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ сохта мешавад ва нисбат ба калима маънои мукаммалтарро ифода мекунад. Ибора аз калимаю таркиб ва ибора ба тарзи мустақим ё озодона сохта мешавад. Дар байни ҷузъҳои ибора алоқаи воқеии маъноӣ ва грамматикӣ вуҷуд дорад, бинобар ин таркиби ибораро ба ҷузъҳо ҷудо карда, ба тариқи саволгузорӣ муносибати маъноию грамматикии байни онҳоро муқаррар намудан, яъне таҳлил кардан мумкин аст: Бинои таълимии донишгоҳ, панҷ сол таҳсил кардан, дар таҳсил пешқадам. Чӣ гуна бино? – Бинои таълимӣ, Бинои таълимии чӣ? – Бинои таълимии донишгоҳ. Чанд сол таҳсил кардан? – Панҷ сол таҳсил кардан. Дар чӣ пешқадам? – Дар таҳсил пешқадам. Дар онҳо исми бино масдари таҳсил кардан, сифати пешқадам ҷузъи асосии ибора буда, ҷузъҳои дигар ба онҳо тобеанд ва ба саволи онҳо ҷавоб медиҳанд. Дар ибора ҷузъи асосӣ ва тобеъ вуҷуд дорад. Ҷузъи тобеъ ҳамеша барои шарҳ додан ва пурра кардани маънои ҷузъи асосӣ хизмат мекунад: Дили нохоҳам, узри бисёр дорад. Ин ҷумла аз ибораҳои дили нохоҳам, узри бисёр ва калимаи дорад сохта шудааст. Дар он ибораҳо калимаҳои дил, узр ҷузъи асосӣ, калимаҳои нохоҳам ва бисёр ҷузъи тобеанд ва басаволи ҷузъи асосӣ ҷавоб мешаванд: Дили чӣ гуна? – Нохоҳам; Чӣ қадар узр? – Бисёр. Ибораи сода ва тафсилӣ. Ибора аз ду ҷузъи маънодор иборат бошад, сода, аз се зиёда ҷузъи маънодорро дар бар гирифта бошад, тафсилӣ мешавад: Гули лола – гули нилуфари ман. Гули даштӣ – ба дасти дилбари ман. Гули лола бикандам, бўй кашидам, Гули лола надорад бўйи дилбари ман. Дар ин матн гули лола, гули даштӣ – ибораҳои сода, гули нилуфари ман, дасти дилбари ман, бўйи дилбари ман – ибораҳои тафсилианд. Вобаста ба ифодаи ҷузъи асосӣ ибораҳоро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд: номӣ, феълӣ ва зарфӣ. Ибораҳои номӣ дар навбати худ ба чор гурўҳ – исмӣ, сифатӣ, шуморагӣ ва ҷонишинӣ ҷудо мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо