Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

- Зарфҳои тарзи амал: зуд, якзайл, оҳиста, диккак, савора, пиёда, аспакӣ, пуштнокӣ, ёдакӣ, ҷо ба ҷо, даррав, беист, пинҳонӣ, беихтиёр, барқвор, тасодуфан, нохост, фавран, ногаҳон, якбора:
Мичуринвор бояд ҳар ҷавоне,
Намояд кашф сирри боғбонӣ (М.Т.). - Зарфҳои миқдору дараҷа, ки ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд: а) зарфҳои тарзи амале, ки аз такрор омадани шумораҳо ташкил меёбанд:
як-як, ду-ду, ягон-ягон: Ёдгор шунидаҳояшро ягон-ягон ба Гулнор нақл кард (С.А.). б) зарфҳои миқдору дараҷаи гуногун: кам, кам-кам, ин қадар, он қадар, чӣ қадар, қариб, андак: Чеҳраи ба назар андак кушоди рафиқаш Гулбонуро анча хурсанд кард (Ҳ.К.). Ба зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал зарфҳои макон, замон, сабаб ва мақсад дохил мешаванд. 1.
Зарфи макон макону маҳалли воқеъ шудани амалро шарҳу эзоҳ медиҳад:
ин ҷо, он ҷо, поён, боло, берун, дарун, қафо, пеш, дурр, наздик, ин сў, он сў. Зарфҳои макон мувофиқи маъно ва вазифаашон ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд: а) зарфҳои маконе, ки маҳалҳои наздику дур ва масофаҳои гуногунро ифода мекунанд: берун, қафо, поён, пеш, дур, наздик, ин сў, он сў: Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зўртарӣ (С.У.). а) зарфҳои маконе, ки маҳалро ба таври умумӣ ифода мекунанд: ҳама ҷо, ҳар ҷо, ҷо-ҷо, берун, поён, пеш: Гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо (зарбулмасал). - Зарфи замон вақту ҳангоми воқеъ шудани амалро шарҳ медиҳад: имрўз, дирўз, дина, бегоҳӣ, шабона, фардо, пагоҳӣ, саҳарӣ, саҳаргоҳон, имсол, сипас, ҳоло, ҳанўз, ҳозир, акнун, ҳамеша, фардо… Акнун хайрухуш кунем ҳам, мешавад (Р.Ҷ). Мисоли дигар:
Саҳаргаҳе шудам аз хона ҷониби гулзор, Даме ки шамси ҷаҳонтоб сар зад аз кўҳсор (П.С.). - Зарфи сабаб, ки бо калимаҳои ночор, ноилоҷ ифода меёбад:
Ночор то манзили навамон, ки дар доманаи кўҳ воқеъ гашта буд, хомўш омадем (Ф.М.). Ноилоҷ ба усто Боқӣ ном ҳамсояам муроҷиат карда, тадбир пурсидам (А.Л.). Аз зарфи ноилоҷ бо пасванди -ӣ исми ноилоҷӣ сохтанд, ки дар шакли ҷамъ низ истифода мешавад: Аз ноумедиҳо басе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ