Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

уме даст, поении шаби сияҳ сапе даст (зарбулмасал). 4. Зарфи мақсад ба воситаи калимаи қасдан ифода меёбад: Медонӣ, лекин қасдан худро ба нодонӣ мезанӣ! (С.А.). Зарфҳоро аз ҷиҳати сохт ба содаю (дўш, дуд, пиёда, кам, зуд, берун, боло, пеш, ҳанўз, баъд, фардо) сохтаю (барвақт, нохост, базўр, озодона, бародарвор) мураккабу (якпаҳлў, чорзону, пагоҳирўз, пасфардо) таркибӣ (ҷо баҷо, дар бадар, худ ба худ, сар то по, ин ҷо, дам ба дам, рўз ба рўз) ҷудо мекунанд. Яке аз ҷузъҳои баъзе зарфҳо дар алоҳидагӣ истифода намешаванд ё каму беш тағйири шакл кардаанд, ки ба калимаҳои рехта шабоҳат доранд: ночор, дина, имрўз (Lima rauča-и порсии қадим), имсол, имшаб.
Зарфҳои ҷонишинӣ. Зарфҳое, ки мисли ҷонишинҳо хусусияти амалу ҳолатро айнан ифода накарда, ба онҳо танҳо ишорат мекунанд: ба маънои замон: баъзан (ба маънои баъзе вақт), ҳаргиз (ҳеҷ вақт), ҳамеша (ҳама вақт); ба маънои миқдору андоза: якчанд, чандин, ин қадар; тарзи амал:
ин (он)тавр, ҳамин тариқ. Чунин зарфҳоро аз ҷонишинҳо аз рўйи иҷрои вазифаи синтаксисиашон ва ифодаи маъно фарқ кардан мумкин аст.
Заъфи таълиф ба қоида ва ба сохти грамматикии забон риоя накардан аст:
Олло, олло, зи гардиши гардун,
Нолад аълост, гар касу гардун.
Дар ин байт мубтадо нест. Дар асл чунин бояд шавад: ҳар кас нолад аълост.
Замон дар грамматика, яке аз категорияҳои грамматикии тағйири калима, ки муносибати амалро ба замони зоҳир шудани он нишон дода, бо роҳи муқобилгузории замони ҳозира, замони гузашта ва замони оянда ошкор мегардад. Забон дар забонҳои алоҳидаи ба таври махсус сурат мегирад. Забони тоҷикӣ се замон (гузашта, ҳозира ва оянда) дорад, ки он беш аз 20 шакли замонӣ месозанд. Замон нисбат ба лаҳзаи нутқ муқаррар мешавад. Замони ҳозира амали ба ҳангоми нутқ рост меомада («Ту чӣ кор карда истодаӣ? – Ман? Ман китоб мехонам»), замони гузашта амали пеш аз лаҳзаи нутқ ба вуқўъ пайваста («Ин мактубро Ҷамшед навишта буд»),

пешина
аз 389
навбатӣ