Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Замон. Категорияи грамматикие, ки аслан дар заабоншиносӣ хоси феъл аст (ниг.: замонҳои феъл). Замон маъмулан дар забони башар далолат аст бар вақти баргузории амал ва ё ҳолат, ки метавонад басо гуногун бошад. Дар забон аслан кулли замонҳои гуногуни гузориши раванду ҳолат ва мухобиротро бар се замони кули мансуб медонанд, ки он замони гузашта, замони ҳозир ва замони оянда муаррифӣ мешавад. Чунин дар се замони фарогир сурат гирифтани амалу ҳолат ва мухобирот дар андешаву афкори забошиносони пешин низ гуфта шудааст. Дар самтҳои забоншиносии муосир, аз қабили забоншиносии маърифатӣ (cognitive) ифодаи замонро тавассути вожаҳои ҷудогона ҳамчун мафҳуми кулл (консепт) мавриди таҳлилу омўзиш қарор додаанд (қадим, шаб), ки онҳо хоси фъл набуда, мансуб ба дигар ҳиссаҳои нутқанд.
Зарф. Ҳиссаи мустақили нутқест, ки аломати амал (оҳиста хонд, дер омад) ва аломати аломат (ниҳоят зебо, басо шавқовар)-ро ифода мекунад.
Аломатҳои муҳими морфологии зарф инҳоянд: Зарф тағйир намеёбад, яъне категорияи ҷамъ надорад. Гурўҳи муайяни зарфҳо дараҷаи қиёсӣ доранд: зудтар, камтар, поёнтар, оҳистатар, андактар. Зарф пешванду пасвандҳои махсуси калимасозӣ дорад: барвақт, нохост, ночор, даррав, биист, барзиёд; пагогоҳӣ, дилпурона, оромона, пуштнокӣ, пўлодвор, тўтивор, тирвор, аспакӣ. Зарфҳо аз ҷиҳати ифодаи маъно ва вазифаи грамматикии худ ба ду гурўҳи калон ҷудо мешаванд: зарфҳои хоссаю ҳолат ва зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал. Зарфҳои хоссаю ҳолат дар навбати худ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:
- Зарфҳое, ки ҳолат ва хоссаи амалро ифода мекунанд: хушҳолона, қашшоқона, мағрурона, дилпурона, далерона, бераҳмона, чолокона, эҳтиёткорона: Дар давродаври меҳмонхона бойҳо ва бойбачаҳо бо либосҳои пурқимат ба худ зинат дода мағрурона менишастанд (С.А.).
- Зарфҳое, ки чӣ тарз ва чӣ тариқ иҷро шудани амалро ифода мекунанд: Қорӣ-Усмон ба Мулло Амон зуд як пиёла чойи гарм кашида дод (С.А.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ