Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

лотинӣ истифода мекарданд. Алифбои тоҷикӣ 35 ҳарф дорад, ки тартиби он ба тариқи зайл аст: зикри ҳарфҳо ҳатмист.
Алифи мамдуда - муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», дар бораи алифи мамдуда чунин нигоштааст: «алифи мамдуда (о)-ро ду алиф эътибор кунанд ва дар чунин калимае мисли осиёб (ос-об) як алифро ба «ё» табдил дода, алифи дигарро нигоҳ доштаанд ва калимаи мураккаб ба вуҷуд овардаанд». Дар тасрифи феълҳои алифи мамдуда дошта низ ин қоида риоя карда мешавад. Масалан, оростан: биёрост - биёро - маёро - наёро. Дар чунин ҳолат таъсири изофа (масалан, дар оси-об-осиёб) ҷо дошта, аз тарафи дигар, душвории талаффузи ду садоноки дар як ҷо омада чунин як тағйиротро талаб намудааст.
Аллегория (юн. Allegoria – киноя, истиора). Санъати суханварист, ки гўянда маъноро тамоман ба тарзи дигар, маънои дигар, ки мантиқан ба ҳам наздиканд, ифода мекунад: Дуои ин кас ҳеҷ мустаҷоб намешавад (муқ.
Хоҳиши ин кас ҳеҷ амалӣ намегардад). Ин кас тухми мор хўрдагӣ (муқ.
Ин кас ниҳоят фиребгар). Ниг.: истиора, маҷоз.
Аллитератсия (аз лот. ad ба назди + litera – ҳарф). Такрори ҳамсадоҳои якхела ё пайвасти овозҳо ҳамчун воситаи услубӣ. Дар адабиёти бадеӣ барои тақвияти ҷанбаи муассирии савтиёти нутқ усулҳои гуногун истифода мешавад. Аҳли адаб бо истифода аз усули такрори овозҳо кўшиш мекунанд монандии таркиби овозии луғавиро таъмин намоянд. Такрори ҳамсадоҳо. Такрори ҳамсадоҳо яке аз навъҳои услубии овозҳо буда, тавассути такрори ҳамсадоҳои якхела дар чанд калимаи матни муайяни манзуму мансур сурат мегирад. Адибон бо истифода аз ин воситаи услубӣ барои гўшнавозу форам ва муассир ифода намудани матлаб муваффақ гаштаанд. Дар мисраи дуюми байти зерини Ҳофиз се калима (кай, кӣ, кунӣ) пай дар пай бо ҳамсадои к ибтидо гирифтааст.
Чунин такрор бо калимаҳои мазкур гўшнавозию форамии мисраъро афзуда, ба хонанда ҳаяҷони хосаи бадеӣ бахшидааст:
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш, Кай равӣ? Раҳ зи кӣ пурсӣ. Чӣ кунӣ? Чун бошӣ.

пешина
аз 389
навбатӣ