Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

алоқаманд аст. Дар асоси алифбои арабӣ алифбоҳои зиёде сохта шудаанд, ҳоло дар кишварҳои исломӣ: Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Ироқ, Лубнон, Либия, Марокаш, Покистон, Судон ва ғ. истифода мешаванд.
Алифбои лотинӣ яке аз алифбоҳои хеле интишорёфтаи дунёст, ки дар Рими қадим дар заминаи алифбои Юнони ғарбӣ ташаккул ёфтааст.
Қадимтарин осори хаттии А.л. ба асрҳои 6–4 то милод тааллуқ дорад. Ин алифбо шаклҳои гуногуни навишт дорад. Дар давраи феодализм тарзҳои гуногуни навишти маҳаллӣ: меровингӣ (дар Галелия ва қисман Германия), лангбардӣ (дар Италия), вестготӣ (дар Испания), англосаксонӣ, ирландӣ мавҷуд буданд. Дар давраи инкишофи империяи Рим бо интишори дини христианӣ алифбои лотинӣ дар тамоми қаламрави Аврупои Ғарбӣ паҳн мегардад. Дар заминаи алифбои лотинӣ бештар аз 100 алифбоҳои миллатҳои гуногун ташаккул ёфтааст.
Алифбои русӣ (азбука) маҷмўи аломатҳои графикӣ – ҳарфҳое, ки ба як тартиби муқарраршудае, ки шаклҳои хаттию чопии забони миллии русиро ба вуҷуд меовард, 33 ҳарфро дарбар мегирад: а, б, в, г, д, е, ё, ж, з, и, й, к, л, м, н, о, п, р, с, т, у, ф, х, ц, ч, ш, щ, ъ, ы, ь, э, ю, я. Ба истиснои ъ, ы, ь ҳарфҳои дигар душаклаанд. Алифбои русӣ таркиби фонемагию овозии гуфтори русиро ифода менамояд: 20 ҳарф ҳамсадоҳоро ва 10 ҳарф садонокҳоро ифода мекунанд, аз ҷумла ҳарфҳои а, э, о, ы, и, у танҳо садонокҳоро, ҳарфҳои я, е, ё, ю нармталаффуз шудани ҳамсадоҳои пеш аз онҳо омадаро ифода мекунанд. Алифбои русӣ дар хориҷа асоси алифбоҳои булғорӣ, сербӣ, хорватӣ, македонӣ ва муғулиро ташкил медиҳад.
Алифбои тоҷикӣ, алифбои консонантию вокалӣ, ки дар асоси алифбои русӣ тартиб ёфта, аз соли 1940 ба расмият даромадааст. Чун халқиятҳои дигари эронӣ тоҷикон дар давраҳои мухталифи таърихӣ аз алифбо ва хатҳои гуногун (мехӣ, оромӣ, авестоӣ, паҳлавию форси миёна) истифода кардаанд. Аз замони истилои араб (асри VII) то соли 1990 аз алифбои консонантию ҳиҷоии арабӣ, аз соли 1930 то соли 1940 аз алифбои

пешина
аз 389
навбатӣ